расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Иттиҳоди Аврупо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 141 млн доллар медиҳад

Иқтисодиёт / Ҷаҳон

Иттиҳоди Аврупо ба рушди соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон 141 млн доллар медиҳад

Қисмати зиёди маблағҳоро грант ташкил медиҳад.

Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 141 млн долла грант ва қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
Дар бораи ин қарор рӯзи 16 июл дар ҷаласаи 11-уми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) хабар дода шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷаласа таҳти раёсати вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Завқӣ Завқизода ва бо ҳузури ҳайати расмии расмии ИА таҳти роҳбарии сарпарасти кишварҳои Осиёи Марказӣ/Сардори Департаменти Комиссияи Иттиҳод Люк Девин баргузор гардид.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ҷаласа ва гуфтушуниҳо масъалаи ҷалби бештари маблағҳои грантию қарзҳои имтиёзноки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ баррасӣ шуд.

Завқӣ Завқизода ва Люк ДевинСурат аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ
Инчунин ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкорӣ дар самтҳои тиҷорату иқтисод, саноату сармоягузорӣ, тандурустӣ, маориф, энергетика, рушди деҳот, дастгирии буҷет, амнияти сарҳадӣ, иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ, таъсиси технопаркҳо ва технологияҳои рақамӣ, иштирок дар маблағгузории сохтмони НБО «Роғун», ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои минтақавӣ, ҳамчунин мусоидат ба тиҷорат ва татбиқи системаи тиҷорати электронӣ дар Тоҷикистон табодули назар карданд.Зимни вохӯрӣ Завқизода оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самтҳои зикршуда мухтассар маълумот дода, аз ҷониби ИА дархост намуд, ки ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, аз ҷумла энергияи сабз, бахусус сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт ва логистика, рақамикунонӣ ва таҳкими сарҳадот маблағгузориро зиёд намояд.
Дар натиҷа Иттиҳоди Аврупо иттилоъ дод, ки барои соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллии Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии 141 млн. евро грант ва қарзҳои имтиёзнок, аз ҷумла 101 млн. евро грант ҷудо менамояд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.