расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » ИА ба таҳрими Лукашенко омода шудааст

. / Ҷаҳон

ИА ба таҳрими Лукашенко омода шудааст


Александр Лукашенко гуфтааст, ки ӯ президенти қонунии Беларус аст

Бар асоси тарҳи як санади мақомоти аврупоӣ, ки ба Радиои Озодӣ дастрас шуд, Иттиҳоди Аврупо омода шудааст, ки Александр Лукашенкоро ба рӯйхати сиёҳи мақомоти беларусии масъули тақаллубҳои интихоботӣ ва саркӯби бераҳмонаи эътирозгарону аъзои мухолифон ворид кунад. Интизор меравад, ки ин санад рӯзи 12-уми октябр дар ҷаласаи 27 вазири хориҷии узви ИА дар Брюссел қабул шавад. Қаблан мақомоти аврупоӣ 40 мақомдори беларусиро таҳрим карданд. Ин тасмим дар посух ба тақаллуби интихоботи президентӣ ва саркӯби хушунатбори эътирозгарон гирифта шуд, ки бо бори шашум президент эълон шудани Александр Лукашенко норозӣ буданд. Дипломатҳои ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар Брюссел умедвор буданд баъди таҳрими мақомдорони беларусӣ Александр Лукашенко барои бурунрафт аз бӯҳрони баамаломадаи сиёсӣ ба музокира розӣ мешавад. Вале Лукашенко гуфтааст, ки ӯ дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд ва дар як маросими махфӣ ва қабл аз мӯҳлат ба ҳайси президенти Беларус савганд ёд кард. Вале дар санади Шӯрои Аврупо Лукашенко на ҳамчун президент, балки танҳо бо номаш ёд мешавад. Қаблан мақомоти аршади аврупоӣ гуфтанд, ки Лукашенкоро президент эътироф намекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.