АЗ ҶОЙ БИХЕЗЕД! ГИМНИ ТОҶИКИСТОН САДО МЕДИҲАД!

 

 

"Диққат! Аз ҳама хоҳиш мекунем, аз ҷой бихезед! Гимни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад!” Шоми 11 ноябр дар қасри "Айсберг”-и Сочи ба шарафи пирӯзии Беҳрӯз Хоҷазода гимни Тоҷикистон садо дод. Беҳрӯз 42 сол баъди Саидмӯъмин Раҳимов дувумин паҳлавони тоҷик аст, ки унвони қаҳрамони ҷаҳон дар гӯштини самборо ба даст овард.

 

Шоми 11 ноябр ин даъвати гӯянда бо забонҳои русӣ ва англисӣ тамоми аҳли толори Қасри "Айсберг” дар шаҳри Сочии Русияро ба пой хезонд: "Диққат! Аз ҳама хоҳиш мекунем, аз ҷой бихезед! Гимни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад!”

Ҳама аз ҷой баланд шуданд ва дар толори "Айсберг” садои гимни миллии Тоҷикистон танин андохту парчами миллии Тоҷикистон барафрохта шуд.

Ин ҳама арҷгузорӣ ба хотири пирӯзии Беҳрӯзи Хоҷазода, паҳлавони ҷавони тоҷик буд, ки рӯзи 11 ноябр унвони қаҳрамони самбои ҷаҳонро ба даст овард.


 

Пирӯзии Беҳрӯз Хоҷазода як пирӯзии хеле муҳим барои гуштингирони тоҷик дониста мешавад, чунки аз соли 1975 ба ин тараф ба ягон паҳлавони тоҷик муяссар нашуда буд, ки дар гуштини самбо қаҳрамони ҷаҳон шавад. То рӯзи 11 ноябр ягона қаҳрамони самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон ҷаҳонпаҳлавон Саидмӯъмин Раҳимов буд, ки ҳанӯз 42 сол пеш дар Минск ин унвонро ба даст оварда буд.

Беҳрӯз Хоҷазода ба ин тартиб дуюмин қаҳрамони самбои ҷаҳон аз Тоҷикистон шуд.

Беҳрӯз дар рақобати ниҳоӣ дар Сочи паҳлавони хеле қавӣ аз Беларус Степан Поповро шикаст дод. Рақобати онҳо дар воқеъ як рақобати хеле зебо буд ва Беҳрӯз Хоҷазода тавонист Поповро билохира мағлуб кунад ва дар майдон даст ба дуо кушода, намози шукр гузорад.

Федератсия байналмилалии самбо рақобати Хоҷазода ва Поповро яке аз беҳтарин рақобатҳо дар чемпионати имсола дар Сочи номидааст.

 

 


Аммо Акмалиддин Каримов, як умеди дигари тими Тоҷикистон дар рақобати ниҳоӣ аз Саян Хертек, паҳлавони Русия шикаст хӯрд ва медали нуқра ба даст овард.

Паҳлавонони тоҷик рӯзи 11 ноябр, дар рӯзи дуюми қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Сочи се медал – як тило, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварданд. Медали биринҷӣ дастоварди Сорбон Латифов аст, ки дар риштаи самбои ҷангӣ дар вазни 62 кило соҳиби ҷои сеюм шуд.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Қасри яхини "Айсберг"-и шаҳри Сочии Русия Тоҷикистонро дар самбои варзишӣ 8 нафар - Ҷомӣ Ҳасан (52 кг), Акмалиддин Каримов (57 кг), Нозимҷон Охиров (62 кг), Хушқадам Хусравов (68 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (74 кг), Зафар Олимшоев (82 кг), Умед Ҳасанбеков (90) ва Набимуҳаммад Хоркашев (+100 кг) ва дар самбои ҷангӣ се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг)намояндагӣ мекунанд. Ҳамчунин дар самбои ҷангӣ дохиланд. Инчунин, дар риштаи самбои размӣ Тоҷикистонро се варзишгар -- Сорбон Латифов (62 кг), Табрезшоҳ Парпишоев (74 кг) ва Бахтовар Замиров (82 кг) - намояндагӣ мекунанд.

Дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷаҳон дар Сочи бахт ба рӯи варзишгарони тоҷик нахандид. Ҷомӣ Ҳасан, Хушқадам Хусравов ва Умед Ҳасанбеков шикаст хӯрда, бо мақомҳои 5-ум ва 7-ум қаноат карданд ва бидуни медал монданд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон