расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷаҳон » Раиси ҷумҳури собиқи Украина ба COVID-19 ва илтиҳоби шуш мубтало шудааст

. / Ҷаҳон

Раиси ҷумҳури собиқи Украина ба COVID-19 ва илтиҳоби шуш мубтало шудааст


Порошенко рӯзи 29-уми сентябр гуфт, ки коронавируси нав ба ӯ ҳам сироят кардааст.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури собиқи Украинаро баъди сирояти коронавируси нав ва аломатҳои бемории илтиҳоби шуш дар бемористон бистарӣ кардаанд. Дар ин бора ҳамсараш Марина Порошенко рӯзи 3-уми октябр хабар дод. Ӯ дар як паёми видеоӣ дар Фейсбук гуфт, ки Порошенкоро дар шифохонае дар Киев бистарӣ кардаанд.
Мария Порошенко дар видео мегӯяд: “Бо вуҷуди онки шавҳари ман илтиҳоби дутарафаи шуш дорад, аммо қавӣ аст ва инро дар муборизааш бо беморӣ нишон медиҳад.” Раиси ҷумҳури собиқи 55-сола рӯзи 29-уми сентябр гуфт, ки озмоиши тиббӣ нишон дод, ки ӯ бемории COVID-19 шудааст ва ҳоло дар хона муолиҷа мегирад. Петро Порошенко бемории қанд дорад ва коронавирус аҳволи ин беморонро гоҳо бад мекунад.
Миллиардери украинӣ, ки ширкатҳои қаннодӣ дорад, ҳоло узви порлумон ва раиси Ҳизби Ҳамраъйӣ бо Аврупо аст. Ӯ баъди ғасби нимҷазираи Қрим аз тарафи Русия дар соли 2014 раиси ҷумҳури Украина шуд. Дар Украина, ки аҳолиаш тақрибан 40 миллион нафар аст, ба гуфтаи мақомоти расмӣ коронавируси нав ба 220 ҳазор кас сироят карда ва бештар аз 4,300 нафарро куштааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.