расонаи иттилии - Ориён » . » Сиёсат » Тоҷикистону Қирғизистон ба гуфтушунидҳо оид ба муайян кардани хати сарҳад тақвият мебахшанд

. / Сиёсат

Тоҷикистону Қирғизистон ба гуфтушунидҳо оид ба муайян кардани хати сарҳад тақвият мебахшанд

Бо ташаббуси Тоҷикистон муовинони сарвазирони кишварҳо дар ин хусус телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Фаъолияти гурӯҳҳои кории байниҳукуматӣ оид ба муайян кардани хати гузариши сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон дар замони пандемия ҳам идома ёфт.

Ба наздикӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба доир мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, ҳамраисони комиссияи мазкур муовинони сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров мебошанд.
Рӯзи 24 август бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон Азим Иброҳим ва Акрам Мадумаров телефонӣ гуфтугӯ карданд.
Зимни гуфтугӯ як қатор ҷанбаҳои муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ баррасӣ шуд.
Дар мулоқот муҳимияти доимо баргузор намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолии минтақаи наздисарҳадӣ то пурра расмияти қонунӣ гирифтани хати сарҳад бар асоси муқаррароти созишномаҳои имзошуда ва санадҳои комиссияи байниҳукуматӣ таъкид шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Ҳамзамон 472 километри дигари сарҳади давлатии миёни ду кишвар номуайян боқӣ мемонад. Ин ҳолат боиси баҳсу муноқишаҳои зиёд миёни сокинони минтақаҳои наздисарҳадӣ мешавад.


Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.