Шикасти бузурги "Арсенал" аз дасти Ю. Клопп (Видео)



Дастаи "Ливерпул" дар даври сеюми Премер-лигаи Англия оид ба футбол меҳмони худ бошгоҳи "Арсенал"-и Лондонро бо ҳисоби бузурги 4-0 шикаст дод.


Голи аввали дидорро дар пайти аввали бозӣ баъд аз партофти зебои Муҳаммад Салоҳ бо зарбаи сар Роберто Фирминио ба самар расонид. Дар ҳамин пайт, дар дақиқаи 40-ум Садио Мане бо як зарбаи зебои худ аз кунҷи чапи ҳуҷум ба нишон расонид. Дар қисми дуввум Муҳаммад  Салоҳ ва Дэниел Стариҷ як тӯбии дигар зада, ғалаби софи дастпарварони Юрген Клоппро таъмин намуданд.  

"Мо нагузоштем рақиб нақшаи гузоштаи худро амали намояд ва дар ин ҷода саҳми футболбозонам боиси ибрат аст. Онҳо қувваи зиёд сарф намуданд" -иброз шуд Юрген Клопп зимни нишасти хабарӣ.

"Ҳисоби бозӣ - натоиҷи бозист. Мо имрӯз на он қадар хуб баромад намудем. Рақиб  дар ҳама паҳлуҳо бар мо бартарӣ дошт. Ҳатто дар баъзе маврид мо ба онҳо бо хатои содирнамудаи худ кӯмак намудем"- ҳамзамон қайд намуд Арсен Венгер.  Ҳамакнун "Ливерпул" бо касби 7 имтиёз дар ҷойи 2-ум ва "Арсенал" ғайриинтизор мақоми 16-умро касб намудааст.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон