Мейвезер – Макгрегор: бузургтарин муборизаи таърих ё сирке барои даромади маблағи ҳангуфт?


Шаби 26-уми август ба вақти Амрико ва соати 9 субҳи 27 август ба вақти Душанбе дар Лас - Вегаси Амрико набарди аср миёни ду варзишгари дастон, қаҳрамони 12 каратаи ҷаҳон оид ба бокс Флойд Мейвезери хурдӣ ва қаҳрамони кунунии UFC Конор Макгрегор сурат мегирад. Ба дидори мазкур ин ду варзишгари муқтадири олам омодагии ҷиддӣ дидаанд ва ин сабқат аз ҷониби коршиносон сабқати аср унвон шудааст. Флойд Мейвезер эълон доштааст, ки Конор Макгрегори ирландӣ маҷбур аст, дар ҳаҷми калон ҷарима супорад. Агар ӯ ин корро накунад ҳам, сабқат баргузор мешавад, вале ӯро ҷаримаи хеле ҷиддӣ дар пеш аст. Ёдовар мешавем, ки ин ду варзишгар дар вазни миёнаи аввал майдондорӣ мекунанд. Ин яке аз сабқатҳои аз лиҳози молӣ сердаромадтарин ба шумор рафта, ҳуқуқи пахши мустақими онро дар кишварҳои мухталиф шабакаҳои телевизионӣ аллакай ба даст овардаанд. Ба андешаи бозоршиносону коршиносон даромади умумии ин сабқат 606 млн долларо ташкил медиҳад. Ёдовар мешавем, ки ин сабқати асрро шабакаи телевизиони “Варзиш” ба таври зинда пешкаши тамошобинон мекунад.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон