Дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон мағлуб шуд


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон  дар нахустин бозии интихобии Ҷоми Осиё-2019 шоми дирӯз дар варзишгоҳи Суҳейм бин Ҳамади Қатар аз дастаи мунтахаби Яман бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ин аввалин бохти дастаи мунтахаб таҳти роҳбарии сармураббии он Ҳаким Фузайлов дар 9 бозӣ ба шумор меравад.

Тавре Ховар хабар медиҳад,  оғози вохӯрӣ барои футболбозони мо бобарор буд. Баъди зарбаи кунҷӣ Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 9-ум ҳисобро боз кард. Вале дар дақиқаи 41-ум футболбозони мо ба хатогӣ роҳ доданд ва  тӯби ба пеш задаи Сиёвуш Асроровро футболбозони яманӣ соҳиб шуда, ҳуҷуми барқвори худро ташкил доданд ва зарбаи сахти Аҳмад ал-Сарориро Давронҷон Эргашев  ноуҳдабароёна баргардонд ва тӯб ба тӯри дарвоза даромад. Ҳисоби баробар дастаҳоро ба танаффус бурд.

Дар нимаи дуюм Ало Муҳаммад Абдулло ал-Сасӣ дар дақиқаи 63-юм голи дуюми дастаи  мунтахаби Яманро ба самар расонида, яманиҳоро соҳиби пирӯзии аввал  дар бозиҳои гурӯҳи «Ф»  кард.

Дар пеш боз панҷ бозии дигар аст. Ҳарифи навбатии дастаи мунтахаби Тоҷикистон-дастаи мунтахаби Филиппин дар майдонаш дастаи Непалро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Натиҷаи ин бозӣ барои дастаи мо тақдирсоз хоҳад буд. Аз ин рӯ аз камбудиҳо хулоса бароварда, ба бозии дастаи мунтахаби кишварамон тағйирот бояд ворид намуд.

назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон