расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Дар ним сол БМТ захираҳои тиллову асъорро $271 млн зиёд кард

. / Иқтисодиёт

Дар ним сол БМТ захираҳои тиллову асъорро $271 млн зиёд кард

Тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ беш аз 8 тонна тилло истеҳсол шудааст.

Сурат: versiya.info
Захираҳои байнулмилалии Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар нимсолаи аввал 271 млн доллар зиёд шуданд.
Дар гузориши БМТ қайд мешавад, ки ҳаҷми ин захираҳо аз 5,3 моҳи рӯйпӯш кардани воридот дар аввали соли то ба 6,3 моҳ расидааст. Арзиши умумии захираҳои тиллову асъор аз ҷониби БМТ ифшо намешавад.
Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-июни соли ҷорӣ дар як моҳ ба ҳисоби миёна каме бештар аз 250 млн долларро ташкил додааст. Бо назардошти ин, метавон тахмин зад, ки ҳаҷми захираҳои тиллову асъори БМТ ба аввали нимсолаи дуюм 1 млрд 575 млн долларро ташкил медиҳад.
Қаблан раҳбарияти Бонки миллӣ изҳор дошта буд, ки нимсолаи аввал аз ҳисоби ин захираҳо барои таъмини талаботи бозори байнибонкӣ бо доллар ба маблағи 104,3 млн доллар ба бозор дахолат (интервесния) сурат гирифт.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, тайи як соли ахир дар ҷумҳурӣ беш аз 8 тонна тилло истеҳсол шудааст, ки аз ҷониби Бонки миллӣ, Вазорати молия ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз тарафи корхонаҳои заргарӣ харидорӣ мешавад.
Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои тиллову асъори худро дар бонкҳои Швейтсария ва Олмон нигоҳ медорад.
Тибқи маълумоти портали иттилоотиву таҳлилии Take-profit.org, дар семоҳаи дуюми соли 2020 ҳаҷми захираҳои тилло дар Тоҷикистон 17,2 тоннаро ташкил додааст. Портали мазкур доир ба рӯйдодҳо дар иқтисоди ҷаҳон, бозорҳои фондӣ ва молӣ, майдонҳои биржа маълумот медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон дар баробари БМТ Вазорати молия низ захираҳои тиллову асъор дар ихтиёр дорад. Маълумот дар бораи ҳаҷми ин захираҳо ифшо намегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.