расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » 37 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Асосӣ / Сиёсат

37 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

37 ТАҒЙИРОТИ КАДРӢ ДАР КОМАНДАИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар канали расмиаш дар шабакаи Телеграм хабар дод, ки рӯзи 15 апрели соли 2024 дар 37 сохтори мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти Тоҷикистон тағйироти кадрӣ анҷом додааст.
Аз ҷумла Раҷабалӣ Бобохонзода ба ҷои Шоҳзод Раҳимзода сардори раёсати ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе таъйин шудааст. Бобохонзода 30 сол ва 2 фарзанд дошта, то кунун ба ҳайси ёрдамчии Президенти Академияи миллии илмҳо буд.
Муҳаммадалӣ Ҳабибзода сардори раёсати фарҳанги пойтахт таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Нуралӣ Шоҳиёнро иваз кард. 
Дилрабо Ашӯрова ба ҷои Заррина Зуҳурзода сардори раёсати кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе таъин шуд. Бо қарори дигар Ҷаҳонгир Саъдизода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе таъин гардид. Давлат Давлатзода сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии шаҳрдории Душанбе ва Дилшоди Ҷамшед мудири шуъбаи сайёҳӣ таъйин шуд. Дилшоди Ҷамшед дар ин мақом Комрон Зафарзодро иваз кард. 
 15 апрел бо фармонҳои президент, Билол Иброҳим “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барканор ва ба ҷои ӯ Олимзода Сафар Маҳмадшо иҷрокунандаи вазифаи раиси ин ноҳият таъйин шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.