расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Деваштич: се зан ҳалок шудааст

. / Ҳаводис

Садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар Деваштич: се зан ҳалок шудааст


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди садамаи маргборе дар ноҳияи Деваштич хабар медиҳад,  ки дар пайи он се зан ҳалок шудаанд
 Тибқи иттилои дафтарим атбуотии ин ниҳод, садмаи мудҳиш рӯзи гузашта, тахминан соати 11:00 дар роҳи Деваштич-Истаравшан сар задааст.
Ба иттилои манбаъ,, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Тоҷиев Азизбеки 26 сола, сокини ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Деваштич ба самти шаҳри Истаравшан, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Зарҳалол аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба худрави тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Ботуров Ҷаҳонбек Хоҷаназаровичи 37 сола, сокини ҷамоати деҳоти Нофароҷ бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра”, Мирғиёсева Шоира Худойбердиевнаи 45 сола, Абдуллоева Тутиниссои 79 сола ва Холиқбердиева Мавлудаи 33 сола, сокинони ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат мерасанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.