расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Ҳуқуқшинос: “Тағйирот ба Қонун “Дар бораи маориф” мухолифи Конститутсия аст”

Асосӣ / Сиёсат

Ҳуқуқшинос: “Тағйирот ба Қонун “Дар бораи маориф” мухолифи Конститутсия аст”

Ду ҳафта пеш, 20-уми феврал, палумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф”-ро қабул кард, ки яке аз муҳимтарин нукоти он ҳатмӣ шудани таҳсили миёнаи умумӣ дар кишвар буд. Дастандаркорони тағйирот ин иқдомро намоиши садоқати давлат ба тарбияи ҷавонон арзёбӣ мекунанд, ҳуқуқшиносон мухолифи меъёри сарқонун меҳисобанд.
Дар асоси тағйироти воридгардида, ҳамакнун таҳсили миёнаи умумӣ (синфи 10 ва 11) ҳатмӣ гардид ва дар сурати қатъи он, бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома дод. Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва баъди хатми он хонандагон метавонистанд қатъи таҳсил кунанд.
Тибқи моддаи 41-и Конститутсияи Тоҷикистон танҳо таълими умумии асосӣ ҳатмӣ мебошад, аммо дар хусуси ҳатмӣ будани таҳсил дар зинаи миёнаи умумӣ сухане гуфта намешавад.
“Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад...”, - зикр мегардад дар моддаи 41-и қонуни асосии кишвар.
Вакили парлумон: Мухолифат намекунад!
Насиба Содиқӣ, раиси Кумитаи илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар парлумони кишвар зимни суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, “моҳиятан тағйиру иловаҳо ба моддаи 41-уми Сарқонуни Тоҷикистон мухолифат намекунад ва давлат ӯҳдадории худро барои таҳсили ҷавонон таъмин кард”.
“Чунин тарҷиба дар дигар давлатҳо ҳам, аллакай ҷорӣ шудааст ва мо баъди омӯзиши таҷрибаи онҳо, чунин тағйиру иловаҳоро ворид кардем”, - гуфт Насиба Содиқӣ.
Насиба СодиқӣАкс аз сомонаи Парлумон
Ҳуқуқшиносон: Мухолифи Конститутсия аст!
Ба андешаи ҳуқуқшинос, тағйироту иловаҳои ба Қонун “Дар бораи маориф” воридгардида, мухолифи қонуни асосии кишвар аст.
Баҳодур Раззоқов, доктори илми ҳуқуқ мегӯяд, ба назар чунин менамояд, ки иқдоми мазкур аз умқи вазорати мудофиа баромадааст...
“Наход як дастаи калони ҳуқуқшиносон дар мақоми қонунгузор ва вазорати маориф ба мухолифати бевоситаи он (Тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф” дар назар аст. -идора) бо моддаи 41-и Конститутсия эътибор надода бошанд?”, - суол мегузорад Баҳодур Раззоқов.
Ӯ таъкид мекунад, ки тибқи моддаи 10-и Конститутсия қонунҳое, ки хилофи он мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Баҳодур РаззоқовАкс аз саҳифаи фейсбуки Б.Раззоқов
“Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд...”, - зикр мегардад дар моддаи 10-и Конститутсияи Тоҷикистон.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси дигари тоҷик ҳам ба ин нукта ишора карда, мегӯяд, зимни таҳияи лоиҳа оид ба ислоҳоти конститутсионӣ яке аз масалаҳое, ки атрофи он баҳсу мунозираҳои ҷиддӣ дар матбуоти даврӣ сурат гирифт, маҳз ба ҳамин моддаи Конститутсия (моддаи 41-и Конститутсия дар назар аст.-идора) рабт дошт.
Ӯ мегӯяд, ҳадафу ангезаи субъекти ташаббуси қонунгузорӣ шоистаи дастгирӣ аст, аммо раванди татбиқу амалӣ кардани чунин идеяи хуб дар шароити давлати ҳуқуқбунёд риояи бечуну чарои тартиби муқарраршударо низ тақозо мекунад.

Шокирҷон ҲакимовАкс аз Радиои Озодӣ
Ва бо ишора ба моддаи 10-и Конститутсия таъкид мекунад, ки “мувофиқи мақсад мебуд агар аввал меъёри табиати ҳуқуқии императивӣ доштаро ба моддаи марбутаи Конститутсия тариқи раъйпурсӣ ворид карда, баъд матни Қонун “Дар бораи маориф” ва дигар санадҳои ҳуқуқтатбиқкунандаро ба он мувофиқ менамуданд”.
Ёдовар мешавем, ки зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қонун “Дар бораи маориф” Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кард, ки “ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф ва раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон мусоидат мекунад".
Зариф Ализода, намояндаи ваколатдори раиси ҷумҳур дар парлумон ҳам гуфт, дар маҷмӯъ, мақсадҳое, ки дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод шудаанд, ба манфиати ҷомеа, хусусан ҷавонон, мебошанд.
Аммо дар хусуси чӣ гуна мувофиқ кардани тағйиротҳои воридгардида бо қонуни асосии кишвар ишора нашуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.