расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАС АМАКАШРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАС АМАКАШРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ

ДАР ДУШАНБЕ ЯК НАВРАС АМАКАШРО БО КОРД ЗАХМӢ КАРДААСТ
Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза марди 33-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки санаи 21-уми феврали соли 2024, тахминан соати 21:55-дақиқа ҳангоми дар хонаи истиқоматиашон қарор доштанаш, ӯро бе ягон асос писари бародараш ноболиғи 17-солаи сокини ҳамон ҷо, дашномҳои қабеҳ дода, бо истифодаи корди дар дасташ буда ба қисмати қафаси синааш як маротиба задааст. Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
xxxxxxxxxx
Mарди 36-солаи сокини шаҳри Панҷакент, санаи 20-уми феврали соли 2024, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Л.Шералӣ бо марди 48-сола сокини шаҳри мазкур вохӯрда, бо баҳонаи оне, ки фарзанди хурдсолашро лату кӯб кардааст, баҳсу муноқиша карда, бо мушт ба тарафи чапи рӯи ҷабрдида задааст. Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ карда шуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.