расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ ДУО КУНЕД! УСТОД ДАР РУСИЯ МУОЛИҶА МЕГИРАД

Асосӣ / Ҷомеа

ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ ДУО КУНЕД! УСТОД ДАР РУСИЯ МУОЛИҶА МЕГИРАД

ДАР ҲАҚҚИ ОВОЗХОНИ МАҲБУБ ДАВЛАТМАНДИ ХОЛ ДУО КУНЕД! УСТОД ДАР РУСИЯ МУОЛИҶА МЕГИРАД
Овозхони маҳбуб Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Давлатманди Хол барои муолиҷа дар Русия қарор доштааст. Дар ин бора рӯзи 13 феврали соли 2024 дар Фейсбук журналист Муродзода Саидҷамол хабар дод ва аз мухлисони овозхони шинохта даъват кард, ки дар ҳаққи ӯ дуо кунанд. Ӯ дар бораи аз кадом беморӣ ранҷ кашидани устод Давлатманди Хол ягон маълумоти мушаххас надода, танҳо навиштааст, ки ҳунарманди маъруфи 73-сола “баъди табобатҳои зиёд дар дигар кишварҳо имрӯз дар Федератсияи Русия дар муолиҷа қарор дорад, ки шояд дуои мову шумо баҳри хизматҳову заҳматҳояш ба халқу Ватан дар ин шабу рӯз саривақтӣ бошад”. “Фикр мекунам дар кишвари биҳиштосои мо касе нест, ки Давлатманд Холовро нашиносаду сурудҳои ӯро, ки саршори маъниву ватандӯстист, надонад. Бо чунин сароянда тамоми тоҷикони ҷаҳон ифтихор доранд. Дар ҳаққи Устод дуогӯ бошед!” – навиштааст Саидҷамол Муродзода.
Садҳо нафар дар зери ин хабар барои Устод Давлатманди Хол даст ба дуо кушода, аз Худованд барояш шифои комилу оҷил мехоҳанд. Ҳамчунин ҷамъе аз мухлисони ин ҳунарманди маъруф аз вазорати фарҳанги Тоҷикистон хостаанд, то барои кумак ба Давлатманди Хол ва наздиконаш барои табобати ӯ як суратҳисоби махсус бикушоянд, то мухлисони Устод битавонанд кумаки худро ба ӯ бирасонанд ва ба ин васила ба хидматҳое, ки Давлатманди Хол дар рушди фарҳанг ва мусиқии миллии тоҷикӣ кардааст, арҷ бигузоранд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.