расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » СЕ СОКИНИ КӮЛОБУ ПАНҶАКЕНТ ВА ИСТАРАВШАН БА ҲАМЛА БО КОРД АЙБДОР МЕШАВАНД

Асосӣ / Ҷомеа

СЕ СОКИНИ КӮЛОБУ ПАНҶАКЕНТ ВА ИСТАРАВШАН БА ҲАМЛА БО КОРД АЙБДОР МЕШАВАНД

СЕ СОКИНИ КӮЛОБУ ПАНҶАКЕНТ ВА ИСТАРАВШАН БА ҲАМЛА БО КОРД АЙБДОР МЕШАВАНД
Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 январи соли 2024 аз ошкор шудани се мавриди расондани зарари вазнин ба саломатӣ бо истифода аз силоҳи сард хабар дод.
Аз ҷумла, ҷавони 20-солаи сокини шаҳри Кӯлоб шоми 28 январи соли 2024, тахминан соати 19:30, дар назди бозорчаи деҳаи Гулистони ноҳияи Восеъ бо ҷавони 19-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, аз ҳиссиёти авбошӣ бо корд 1 маротиба ба бадани ҷабрдида задааст, ки дар натиҷа ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Инчунин, ҷавони 24-солаи сокини шаҳри Панҷакент шоми 19-уми январи соли 2024, тахминан соати 19:00, дар чойхонаи ба номи «Ҳоҷӣ-Мазбут»,  дар деҳаи Қалъачаи Бакавули шаҳри Истаравшан  бо ҳамсараш, зани 24-солаи сокини ҳамон ҷо ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди хоҷагӣ 1 маротиба ба қисмати шиками номбурда задааст.
Марди 48-солаи сокини шаҳри Истаравшан шаби 26-уми январи соли 2024, тахминан соати 01:00, дар назди хонаи истикоматиаш аз сабаби ба миён омадани муноқиша бо марди 46-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷангу ҷанҷол намуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди хоҷагӣ 3 маротиба ба қисмати шиками охирин задааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.