расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА ҶОИ ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ТАЪЙИН ШУД

Асосӣ / Ҷомеа

МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА ҶОИ ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ТАЪЙИН ШУД

МАТЛУБАХОН САТТОРИЁН БА ҶОИ ЗУЛФИЯ ДАВЛАТЗОДА ВАЗИРИ ФАРҲАНГ ТАЪЙИН ШУД
Матлубахон Сатториён, муовини ҳамакнун собиқи сарвазири Тоҷикистон, ба ҷои Зулфия Давлатзода вазири фарҳанг таъйин шудааст. Фармони таъйини Сатториёну барканории Давлатзода аз ҷониби хадамоти матбуоти президент ҳанӯз расман нашр нашудааст, вале чанд корманди вазорати фарҳанг дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” тасдиқ карданд, ки субҳи 29 январи соли 2024 Матлубахон Сатториёнро ба кормандони дастгоҳи марказии ин вазорат ба унвони вазири нав муаррифӣ кардаанд. Барканории Зулфия Давлатзода дар рӯзе сурат гирифт, ки вазорати фарҳанг нишасти хабарии маъмулиашро дар мавриди натиҷаҳои соли гузашта баргузор мекард. Ба гуфтаи хабарнигорон, Давлатзода дар нишаст ҳузур надошт ва ба суолҳои онҳо муовини аввали ваазири фарҳанг Обид Назариён посух додааст.
Сабаби аслии барканории Зулфия Давлатзода ҳанӯз рӯшан нест, аммо сабаби расмиашро “бо сабаби ба кори дигар гузаштан” гуфтаанд. Вале ҳанӯз маълум нест, ки Зулфия Давлатзодаро мушаххасан ба кадом “кори дигар” гузарондаанд?Зулфия Давлатзода, ки зодаи шаҳри Хоруғ буда, 13 марти соли ҷорӣ ба синни 50 мерасад, 24 январи соли 2020 ба ҷои зодаи дигари Бадахшон Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанг таъйин шуда, дар ин мақом 4 сол кор кард.
Аммо вазири нави фарҳанг Сатториён Матлубахон Амонзода, ки 51 сол дорад, ба фарқ аз ду раҳбари қаблии вазорати фарҳанг,  дар ноҳияи Хуҷанд (ҳоло Бобоҷон Ғафуров) ба дунё омадааст. Ӯ соли 2004 дар мавзӯи вижагиҳои лексикографияи форсию тоҷикии нимаи дуюми асри 19 ва аввали асри 20 дар намунаи “Фарҳанги низом” рисолаи номзадиашро ҳимоя кардаву соҳиби унвони номзади илмҳои филологӣ шудааст. Сатториён аз 3 ноябри соли 2020 дар мақоми муовини сарвазир кор мекард. Ӯ оиладор аст ва ду фарзанд дорад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.