расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » КОРПАРТОИИ МУҲОҶИРОН ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ. ВАЗОРАТ ГУФТ, “МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ИҒВОИ ФИТНААНГЕЗОН ДОДА ШУДАНД”

Асосӣ / Ҷомеа / Муҳоҷир

КОРПАРТОИИ МУҲОҶИРОН ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ. ВАЗОРАТ ГУФТ, “МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ИҒВОИ ФИТНААНГЕЗОН ДОДА ШУДАНД”

КОРПАРТОИИ МУҲОҶИРОН ДАР ВИЛОЯТИ РОСТОВ. ВАЗОРАТ ГУФТ, “МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ИҒВОИ ФИТНААНГЕЗОН ДОДА ШУДАНД
Рӯзи 15 январи соли 2024 55 коргари тоҷику ӯзбеки корхонаи саноатии “ХимПЭК” дар шаҳри Шахтии вилояти Ростов дар ҷануби Русия бо талаби боло бурдани маош ва пардохтани пули рухсатиашон корпартоӣ карданд. Маъмурияти корхона, ба гуфтаи муҳоҷирон, рӯзи 16 январ ба корпартофтагон маоши ниммоҳаашонро дода, ҳамаи онҳоро аз кор пеш кардаанд. Муҳоҷирони норозӣ бо нашри муроҷиатномаҳои видеоӣ аз мақомоти масъули кишварҳои худ тақозо карданд, ки аз ҳаққи онҳо ҳимоят кунанд.  Мақомоти Ӯзбекистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд, вале вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 18 январи соли 2024 дар саҳифааш дар Фейсбук дар ин баҳс аз маъмурияти корхонаи “ХимПЭК” пуштибонӣ кард ва гуфт, муҳоҷирон ба “иғвои фитнаангезон” дода шудаанд ва гӯё чанд шаҳрванди Тоҷиктстон, ки қаблан дар Бритониё кор кардаанд, “миёни кормандони корхона иғво андохта, баъзеҳоро ба доми фиреб, қисми дигари кормандонро маҷбурӣ ва бо роҳи тарс ба корпартоии оммавӣ маҷбур сохтаанд... фитнаангезон ҳамарӯза дар байни кормандон оид ба муқоисаи вазъи кории Россия назар ба Британияи Кабир, паст будани маош ва шарту шароити корӣ ва тариқи корпартоӣ талаб намудани зиёдкунии музди маош, пардохт гардидани рухсатиҳо ва беҳтар намудани шароити корӣ даъват менамуданд”.
Вазорат тасдиқ кард, ки худи ҳамон рӯз корфармо шартҳои гузошташудаи корпартофтагон, ё ба таъбири вазорат, “иғвоангезон”-ро қабул накарда, ба шахсони норозӣ маоши ниммоҳаи моҳи январи соли 2024-ро пардохт карда, онҳоро аз кор озод кардааст. Бино ба иттилои вазорат, “пас аз озод гардидан 35 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бе ҷойи кор, зист, хӯрок ва макони номнавишти муҳоҷиратӣ монданд, аз амали кардаи худ пушаймон гардида, бо ваъдаи дубора такрор накардани чунин амал, 25 нафар ба кор қабул карда шуданд.”

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.