расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Таҳқиқи навор: Садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи Хундай (ВИДЕО)

. / Ҳаводис

Таҳқиқи навор: Садамаи нақлиётӣ бо айби ронандаи автомашинаи Хундай (ВИДЕО)

  Санаи 06. 09. 2020. тахминан соати 16:00 дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон» рақами қайди давлатиаш 5686АК08, шаҳрванд Абдуллоев Муродулло Ҳусейнович ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи С. Айнӣ талаботи банди 156 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накарда, ҳангоми дар чорроҳаи кӯчаи С.Айнӣ – Беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» қарор доштан бар хилофи қидаҳои муқарраргардида ба самти чап гардиш намудааст. Дар натиҷаи вайрон намудани Қоида ва талаботҳои ҳаракат дар роҳ номбурда ба втомашинаи тамғаи «Тайота-Каролла» рақами қайди давлатиаш 1435НН01, таҳти идораи шаҳрванд Одинаев Абдувоҳид бархурдаааст, ки ҳар ду автомашина зарари техникӣ дидаанд.
  Мавриди зикр аст, ки навори ҳодисаи мазкур ба шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ роҳ ёфта, мавриди вокуниши шаҳрвандон низ қарор гирифтааст.

  Вобаста ба ин нисбати ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Туксон» рақами қайди давлатиаш 5686АК08, шаҳрванд Абдуллоев Муродулло Ҳусейнович протоколи маъмурӣ бо моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ тартиб дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати бартараф намудани зарари расонидашуда вазифадор карда шуд.
Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар ш. Душанбе

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.