расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард

Асосӣ / Президент

Эмомалӣ Раҳмон бо як сафари корӣ ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард

Имрӯз, 30-юми ноябри соли 2023, Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ сафар кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Пезиденти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Конфронсҳои иқлимии СММ ҷаласаҳои солонаи васеъмиқёсе мебошанд, ки ба таҳияи стратегияи умумӣ оид ба иқлим бахшида шудаанд.
Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим 21 марти соли 1994 барои пешгирии дахолати хатарноки инсон ба низоми иқлими Замин эътибор пайдо кард. То имрӯз ин санадро 198 кишвари ҷаҳон ба тасвиб расонидааст. Созишномаи Париж, ки соли 2015 қабул шудааст, идомаи ин конвенсия мебошад.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи СММ оид ба тағирёбии иқлимро соли 1998 ва Созишномаи Парижро соли 2017 ба тасвиб расонд.
Мутобиқи муқаррароти тасдиқшуда Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ дар як сол як маротиба бо иштироки сарони давлатҳо ва доираи васеи намояндагони кишварҳои узв, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.