расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФИРОРИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК МУҲАММАДНАБӢ ВА МАҚСУД АЗ НУҚТАИ САРБОЗГИРӢ ДАР МАСКАВ

Асосӣ / Муҳоҷир

ФИРОРИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК МУҲАММАДНАБӢ ВА МАҚСУД АЗ НУҚТАИ САРБОЗГИРӢ ДАР МАСКАВ

ФИРОРИ ДУ ҶАВОНИ ТОҶИК МУҲАММАДНАБӢ ВА МАҚСУД АЗ НУҚТАИ САРБОЗГИРӢ ДАР МАСКАВ
Ду ҷавони зодаи Тоҷикистон, ки шаҳрвандии Русияро гирифта, бояд ба хидмати ҳарбӣ мерафтанд, рӯзи 22 октябри соли 2023 аз нуқтаи ҷамъоварии сарбозҳои комиссариати ҳарбии шаҳри Маскав фирор кардаанд. 
Бино ба иттилои SHOT, Муҳаммаднабӣ С. ва Мақсуд М.  рӯзи 22 октябр дар нуқтаи ҷамъоварии сарбозҳо дар кӯчаи Угрешская дар ҷануби пойтахти Русия қарор доштанд ва аз онҷо онҳоро мебоист барои адои хидмати ҳатмии ҳарбӣ ба қисми низомӣ мефиристоданд. Вале тақрибан соати ҳашти шом кормандони нуқтаи сарбозгирӣ хабар ёфтанд, ки ҳарду ҷавони тоҷик фирор кардаанд.
Бино ба иттилои ин нашрия, Муҳаммаднабиро баъди 3 рӯз дар маҳалли сабти номаш пайдо ва боздошт кардаанд. Ҷустуҷӯи Мақсуд ҳанӯз идома дорад.
Дар робита ба  ин қазия бо моддаи “саркашӣ аз адои хидмати ҳарбӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Ба Мақсуд ва Муҳаммаднабӣ бар асоси моддаи 339 Кодекси ҷиноятии Русия то 2 соли зиндон таҳдид мекунад.
Кӯчаи Угрешская дар минтақаи Печатники дар ҳудуди ҳавзаи маъмурии ҷанубушарқии шаҳри Маскав ҷойгир шуда, нуқтаи ҷамъугири сарбозҳои комиссариати ҳарбии Русия дар ҳамин кӯча аст.
Телеграм-канали “Осторожно, Москва”  хабар дод, ки ду ҷавони тоҷики фироркарда ҳамагӣ 18 ва 19 сол доштанд – соли таваллуди Муҳаммаднабӣ 2004  ва аз Мақсуд – 2005 будааст. Манбаи ин канал гуфтааст, ки ду ҷавони тоҷик аз сари девор парида, аз нуқтаи сарбозгирӣ фирор кардаанд. Вале бино ба маълумоти “Осторожно, Москва”, Муҳаммаднабиро алакай баъди ягон соат бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ дар ҳудуди ноҳияи Преображенский пайдо ва дастгир кардаанд. Аммо дар бораи куҷо ғайб задани Мақсуд ягон хабар нест.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.