расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ

Асосӣ / Сиёсат

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки татбиқи амалии “Барномаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ байни ду кишвар то соли 2030” ва идомаи фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ барои амалисозии ҳадафҳо аҳамияти хос хоҳад дошт. 
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо оид ба афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули андеша намуданд.
Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид карда шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин кишвар беш аз дигарон манфиатдоранд.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов
Дар мулоқоти сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Қирғизистон, масоили ҳамкории дуҷониба баррасӣ шуд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи ҷузъиёти бештари мулоқот хабар надодааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре хабаргузории Kabar.kg хабар медиҳад, “Содир Ҷабборов ва Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар мавзӯъҳои дигар табодули назар карданд”.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Алҷазоир
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар қароргоҳи дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ бо раисҷумҳури Алҷазоир Абдулмаҷид Таббун мулоқот кард.
Гуфта мешавад, дар  рафти мулоқот масоили таҳкиму густариши робитаҳои Тоҷикистону Алҷазоир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо зимни вохӯрӣ ба масъалаи тавсеаи робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои барои ҳарду ҷониб муфид, ҳамчунин масоили мубрами рӯзномаи мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 78-уми Маҷмаи умумии СММ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.