расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ЭҲЗОРИ САФИРИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ДАР ПАЙИ СУХАНОНИ ТОШИЕВ ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ЗАМИН

Асосӣ / Ҷомеа

ЭҲЗОРИ САФИРИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ДАР ПАЙИ СУХАНОНИ ТОШИЕВ ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ЗАМИН

ЭҲЗОРИ САФИРИ ҚИРҒИЗИСТОН ДАР ДУШАНБЕ ДАР ПАЙИ СУХАНОНИ ТОШИЕВ ДАР БОРАИ ДАЪВОИ ЗАМИН
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 16 сентябри соли 2023 сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эрлан Абдилдаев ба вазорати корҳои хориҷӣ даъват карда шуд. Бино ба иттилоияи расмии вазорат, “зимни вохӯрӣ ба сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон вобаста ба изҳороти шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон дар робита ба масъалаҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, ки 15 сентябри соли равон дар фазои иттилоотӣ интишор гардид, расонида шуд”. Тибқи гузориши вазорати хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот “таъкид гардид, ки ин гуна тавзеҳот метавонад ба раванди музокирот оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, инчунин эътимоди тарафайн зарари ҷиддӣ расонад”.
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мушаххас накардааст, ки сухан дар бораи изҳороти кадом “шахси мансабдори баландмақоми давлатии Қирғизистон” меравад?
Вале рӯзи 15 сентябр дар як маросими бахшидаи ба солгарди якуми хунинтарин муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки агар Тоҷикистон аз даъвои замин нисбат ба Қирғизистон даст накашад, дар Бишкек низ бар асоси асноде, ки ахиран пайдо кардаанд, метавонанд даъвои ҷавобӣ пеш биоранд ва баргардондани заминҳои ба Тоҷикистон додашудаи Қирғизистонро талаб кунанд.  “Ахиран мо асноди наве пайдо кардем, ки бар асоси онҳо, бисёре аз заминҳои Қирғизистон ба ихтиёри Тоҷикистон гузошта шудаанд. Мо мо метавонем инро бо санадҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ исбот кунем. Агар кишвари ҳамсоя аз даъвои қаламрав даст накашад, мо ҳам чунин даъво пеш хоҳем овард. Қувва ва имкониятҳои мо барои ин мерасад. Мо имкони баргардондани заминҳоеро, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо сол пеш ба Тоҷикистон дода шудаанд, дорем”, — изҳор дошт Тошиев. Ӯ дар ин бора тафсилоти дигар надод  ва нагуфт, ки сухан дар бораи чӣ асноде меравад ва Тошиев мушаххасан кадом заминҳоро аз дасти Тоҷикистон пас гирифтанист?

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.