расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ТАЛАБИ ҲУКМИ ҚАТЛ БА ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТУЛЛО НАВРӮЗОВ БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЭРОН

Асосӣ / Муҳоҷир / Ҳаводис

ТАЛАБИ ҲУКМИ ҚАТЛ БА ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТУЛЛО НАВРӮЗОВ БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЭРОН

ТАЛАБИ ҲУКМИ ҚАТЛ БА ЗОДАИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТУЛЛО НАВРӮЗОВ БАРОИ ҲАМЛАИ ТЕРРОРИСТӢ ДАР ЭРОН
Рӯзи 10 сентябри соли 2023 дар шаҳри Шероз, маркази устони Форс дар ҷанубуғарби Эрон нахустин мурофиаи додгоҳии парвандаи пурсарусадои ҳамлаи дуюми террористӣ ба мазори барои шиъаҳо муқаддаси Шоҳи Чароғ оғоз ёфт. Бар асари ҳамлаи рӯзи 13 август дар ин мазор дар шаҳри Шероз ду нафар ҷон бохта, 7 тани дигар захмӣ шуданд.  Хабаргузории эронии Меҳр Нюс хабар дод, ки ба додгоҳ се нафар эҳзор шуданд: айбдоршавандаи асосӣ дар ҳамлаи ахир шаҳрванди Тоҷикистон Раҳматулло Наврӯзов ва шарикони ӯ Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назарӣ.
Намояндаи қувваи қазоияи Шероз дар ҷаласаи аввал аз додгоҳ хост, то Раҳматулло Наврӯзовро бо иттиҳоми “ҷанг бо Худо” ва узвият дар созмони террористии ДОИШ ба даст доштан дар ҷинояти дараҷаи 1 гунаҳкор шинохта, ба ҷазои шадидтар маҳкум кунад. Ҷазои аз ҳама сангин барои унин ҷиноятҳо дар қонунгузории Эрон ҳукми қатл аст.
Намояндаи қувваи қазоия ҳамчунин аз додгоҳ хост, ки Ҳабибулло Арабзода ва Амрулло Назариро бо айни иттиҳоми ҷанг бо Худо ва узвият дар ДОИШ барои кумак дар содир кардани ҳамла ба мазори Шоҳи Чароғ дар ҷиноятҳои дараҷаи 2 ва 3 гунаҳкор бишиносад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.