расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МУРДА БУДАМ, ЗИНДА ШУДАМ. НАШРИ ВИДЕОИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҚАТЛИ БОНКДОР ИСМАТУЛЛОЕВ

Асосӣ / Ҷомеа

МУРДА БУДАМ, ЗИНДА ШУДАМ. НАШРИ ВИДЕОИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҚАТЛИ БОНКДОР ИСМАТУЛЛОЕВ

МУРДА БУДАМ, ЗИНДА ШУДАМ. НАШРИ ВИДЕОИ ЯК МУТТАҲАМИ АСОСӢ ДАР ҚАТЛИ БОНКДОР ИСМАТУЛЛОЕВ
Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 6 сентябри соли 2023 видеои Акбар Ахмедов, як муттаҳами асосӣ дар қатли бонкдори тоҷик Шуҳрат Исматуллоевро нашр кард. Қаблан хабарҳое нашр шуд, ки Акбар Ахмедов дар боздоштгоҳ ҷон бохтааст ва ӯро дар як оромгоҳ дар Хуҷанд ба хок супурдаанд. Ин хабар аз як суҳбати Дилшод Саидмуродов, мулақабб ба “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ” бо як роҳбари мухолифин бархоста буд, вале радиои оилавии зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ Радиои Озодӣ) ин хабарро бо такя ба гӯё “се манбаъ” нашр кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон хабари нашркардаи ин радио дар хусуси фавти яке аз аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ марбут ба рабудан ва куштори муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Ш.А. - Ахмедов Акбар Акрамович дар боздоштгоҳи шаҳри Душанбе ва боздошти модари ӯро “мақолаҳои нодуруст” ва “хабари бардурӯғ” номида, гуфт: “Ахмедов А.А. бо парвандаи ҷиноятии мазкур дастгир гардида, нисбаташ чораи пешгирӣ дар намуди ба ҳабс гирифтан татбиқ ва номбурда дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дорад. Аммо намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботҳои қонунгузориро дағалона вайрон намуда, бархилофи талаботи моддаҳои 14 ва 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» маводи бардурӯғ нашр намудаанд. 5 сентябри соли 2023 ба намояндагии «Радиои Аврупои Озод»/ «Радиои Озодӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бартараф намудани вайронкунии Қонуни мазкур амри хаттӣ дода шуд”. 
Амри хаттӣ, ки бо имзои додситони кулли Тоҷикистон ба дафтари радио фиристодаанд, ба маъноест, ки дар қадами баъдӣ метавонистанд дафтари Озодиро дар Тоҷикистон бубанданд.  
радиои оилавии зану шавҳар Аюбовҳо (собиқ Радиои Озодӣ)  рӯзи  6 сентябр расман аз модари Акбар Ахмедов ва аҳли хонадони ӯ барои нашри хабари иштибоҳӣ маъзарат хост.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • cococ | Гости

    Les répliques de montres sont des montres fabriquées pour ressembler replique montre etroitement aux montres authentiques de marques de luxe. Elles sont souvent moins chères que les montres authentiques, ce qui les replique panerai rend plus accessibles  à un plus grand nombre de personnes. Voici quelques raisons pour lesquelles certaines personnes choisissent d'acheter des répliques de montres , Les montres de luxe authentiques replique suisse peuvent coûter des milliers, voire des dizaines de milliers d'euros. Les répliques de montres offrent replique iwcune alternative moins chère pour ceux qui  veulent le look replica Vacheron Constantin et le style d'une montre de luxe sans payer le prix exorbitant.

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.