НАБЕРАИ САФАРАЛӢ КЕНҶАЕВ ДАР СИННИ 20 АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД
Сафаралӣ Кенҷаев, набераи ҳамноми Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар синни 20 аз маризии сепсис ё уфунати умумии бадан бо микробҳои беморизо, ки вориди хун шудаанд, даргузашт. Шералӣ Кенҷаев, падари Сафаралӣ Кенҷаев, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш як ҳафтаи ахир дар Маркази тиббии шаҳрии №3, воқеъ дар "Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд. Сафарал Кенҷаеви хурдӣ дар соли чоруми риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ таҳсил мекард. Бобои ӯ – раиси собиқи парламенти Тоҷикистон ва муассиси Ҳизби сотсиалист Сафаралӣ Кенҷаев соли 1999 дар натиҷаи як сӯиқасди мусаллаҳона кушта шуда буд.Сафаралӣ Кенҷаев, набераи Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон, дар синни 20 аз маризии сепсис ё уфунати умумии бадан бо микробҳои беморизо, ки вориди хун шудаанд, даргузашт
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik.Шералӣ Кенҷаев, падари Сафаралӣ Кенҷаев, дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, писараш як ҳафтаи ахир дар Маркази тиббии шаҳрии №3, воқеъ дар "Шаҳраки тиббӣ” – и шаҳри Душанбе бистарӣ шуда буд.
"Падарам бори дигар вафот кард. Ба умед номи падарамро гузошта будам. Бо дониши худ ба факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи миллӣ дохил шуда, дар курси чорум ва гуруҳи буҷавӣ мехонд, стипендия (идрор) мегирифт. Варзишкори хуб буд. ММА машқ мекард”, - гуфт Шералӣ Кенҷаев.
Сафаралӣ Кенҷаеви хурдӣ, писари дуюми Шералӣ Кенҷаев, аст, ки соли 2000 дар деҳаи Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ чашм ба олам кушодааст.
Шералӣ Кенҷеав номи падараш – Сафаралӣ Кенҷаевро ба ӯ гузошта буд.
Сафаралӣ Кенҷаев, собиқ раиси Шӯрои Олӣ ва Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунон аз поягузорон ва фармондеҳони Фронти Халқӣ ба ҳисоб мерафт, ки соли 1999 аз сӯи афроди мусаллаҳ кушта шуд.
Ӯ яке аз ҳуқуқшиносони маъруфи тоҷик буд, ки дар ниҳодҳои прокуратура фаъолият намуда, дар солҳои 1990, замони таҳаввулоти бузург дар Тоҷикистон, ба "Катании тоҷик” шуҳрат ёфта буд.
Соли 2018 бо иттиҳоми куштори ӯ чанд узви гуруҳи Абдуҳалим Назаров, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, ба муҳлатҳои гуногун равонаи зиндон шуданд.
Мақомоти Тоҷикистон хабар доданд, ки онҳо бо дастури кишварҳои хориҷӣ ва ба хотири ноамн кардани Тоҷикистон даст ба куштори ӯ задаанд.
Шералӣ Кенҷаев, писари бузурги Сафаралӣ Кенҷаев, буда, низ факултаи ҳуқуқшиносиро хатм кардааст ва ҳоло бо тиҷорат машғул аст.