расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ САМАРҚАНД ДАР НЮ-ЙОРК КУШТА ШУД

Асосӣ / Муҳоҷир

ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ САМАРҚАНД ДАР НЮ-ЙОРК КУШТА ШУД

ФАРЗАНДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК АЗ САМАРҚАНД ДАР НЮ-ЙОРК КУШТА ШУД 
Фаридун Мавлонов, писари 15-солаи муҳоҷирон аз Самарқанди Ӯзбекистон дар наздикии хонаашон дар минтақаи Бруклини шаҳри Ню-Йорки Амрико аз тири як навраси 17-сола ҷон бохтааст. Нашрияи маъруфи амрикоии “The New York Times”  хабар дод, ки ин ҳодиса нимарӯзии 17 июли соли 2023 рух додааст. 
Ба иттилои пулис, ду соат пеш аз тирпаронӣ байни ду гуруҳи хонандагони мактаб муноқша рух додааст ва онҳо тавофуқ кардаанд, ки барои ҳалли масъала баъди дарс дар кӯча вохӯранд. Вақте гуруҳи наврасоне, ки Фаридун Мавлонов низ бо  онҳо буд, ба ҷои таъйиншуда дар наздикии мактаби ба номи Франклин Рузвелт омаданд, як навраси 17-сола аз гуруҳи дуюм ногаҳон пистолетро аз ҷайбаш берун кашида, ба тарафи издиҳом 7 тир холӣ кард. Яке аз ин тирҳо ба Фаридун Мавлонов расидааст. Ӯро дар ҳолати вазнин ба беморхонаи наздиктарин бурдаанд, вале Фаридун ҳамин тавр ба ҳуш наомада, рӯзи сешанбе, 18 июл ҷон додааст.
Фирдавс Мавлонов, падари Фаридун ба “The New York Times” гуфтааст, ки онҳо 12 сол пеш аз Самарқанди Ӯзбекистон ба Амрико кӯчида буданд.  Фирдавс Мавлонов дар Бруклин сартарошӣ мекард ва писари ҷавонмаргаш Фаридун баъди дарс ба ӯ кумак мерасонд. Фаридун ҳамчунин машқи гуштини дзюдо ҳам мекардааст.
Дар Амрико даҳҳо ҳазор аз зодагони Ӯзбекистон кору зиндагӣ мекунанд. Як қисми аъзами онҳо тоҷикҳои зодаи Самарқанданд, ки асосан дар Ню-Йорк ва атрофи он муқим шудаанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.