расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Муҳлати амали иҷозатномаи ду низоми пардохт дар Тоҷикистон ба охир расид

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Иқтисодиёт

Муҳлати амали иҷозатномаи ду низоми пардохт дар Тоҷикистон ба охир расид


Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) дар бораи ба охир расидани муҳлати амали иҷозатномаҳои ду низоми пардохт - MoneyGram Payment Systems, Inc. ва БЭСТ хабар медиҳад.
Бино ба иттилои шуъбаи матбуоти Бонки миллӣ, бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати амали иҷозатнома фаъолияти MoneyGram Payment Systems, Inc. (МаниГрам Пеймент Системс, Инк) қатъ мешавад.
Бо ҳамин сабаб амали иҷозатномаи ширкати “БЭСТ”, ки моҳи августи соли 2019 дода шудааст, низ қатъ мегардад.
Дар ин робита, идораи низоми пардохт уҳдадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ сабтҳои дахлдорро ворид намояд.
Мувофиқи маълумоти БМТ, то ин дам дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ 17 номгӯй зикр шуда буд. Акнун шумори онҳо 2 адад кам мешавад, яъне 15 ададро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки дар кишвар 4 низоми пардохти ватанӣ (Корти милли, Осон, Атласпэй, ExpressPay) амал карда, боқимонда - низомҳои байнулмилалии пардохтӣ, аз ҷумла Western Union, Visa, Mastercard, CONTACT, Юнистрим UnionPay, MoneyGram, БЭСТ мебошанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • jar | Гости

    Hi, this is Irina. I am sending you my intimate photos as I promised. https://tinyurl.com/2m6pezyc

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.