Тевес-соҳиби маоши баландтарин дар ҷаҳони футбол

ДУШАНБЕ, 20.12.2016. Ҳамлагари дастаи мунтахаби Аргентина ва КФ «Бока Хуниорс» Карлос Тевеси 32-сола футболбози маошаш аз ҳама баландтарин дар ҷаҳон хоҳад шуд. Дар ин бора рӯзномаи «Daily Mail» дирӯз хабареро ба нашр расонд.
Аз рӯи асноди ин нашрия маоши Тевес дар клуби наваш дар як ҳафта 615 ҳазор фунт стерлингро (763,5 ҳазор доллар) ташкил медиҳад. «Баъди бозии даври 14-уми чемпионати Аргентина бо дастаи «Калон» (4:1) Тевес бо мухлисон хайру хуш кард», — хабар медиҳад манбаъ.
«Тевес дастпарварии клуби футболи «Бока Хуниорс» буда, соли 2015 баъди ҳунарнамоиаш дар клубҳои Аврупо («Вест Хэм», «Манчестер Юнайтед», «Манчестер Сити» ва «Ювентус») аз нав ба ин даста баргашт. Аз соли 2004 дар ҳайати дастаи мунтахаби Аргентина ҳунарнамоӣ дорад. Дар 76 бозии дастаи мунтахаб иштирок карда, ба дарвозаи ҳарифон 13 тӯб задааст. Тевес дар ҳайати дастаи мунтахаби кишвараш соли 2004 чемпиони Олимпӣ (Афина), сазовори медалҳои нуқраи Ҷоми конфедератсия (2005) ва се маротиба соҳиби медалҳои нуқраи Ҷоми Амрико (2005, 2007, 2015) гаштааст»,-омадааст дар хабари нашрия.
Пештар ВАО маоши аз ҳама баландтаринро дар ҷаҳони футбол ба ҳамватани Тевес — Эсекиэл Лавесси, ҳамлагари дастаи «Хэбэй Форчун»-и Чин мансуб медонистанд. Маоши ӯ ба 577 ҳазор евро (620 ҳазор доллар) дар як ҳафта баробар буд.
Барои қиёс: — маоши беҳтарин футболбози ҷаҳон Криштиану Роналду («Реал»-и Мадрид) ба 427 ҳазор евро( 460 ҳазор доллар) ва Леонел Месси («Барселона») 316 ҳазор евро( 338,5 ҳазор доллар) дар як ҳафта баробар аст.
назари худро нависед
Қаҳрамонҳои Тоҷикистон