расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Корфармоёни тоҷикро ба пардохти иловапулӣ барои кори мавсимӣ ва сайёр уҳдадор карданд

. / Иқтисодиёт

Корфармоёни тоҷикро ба пардохти иловапулӣ барои кори мавсимӣ ва сайёр уҳдадор карданд

Дар ин хусус қарори дахлдори ҳукумат қабул шудааст.

Сурат: аз торнамои chemicalsbox.b-cdn.net

Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пардохти иловапулӣ ба шахсоне, ки ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ машғуланд, дастур дод. Дар ин бора рӯзи 27 август қарори дахлдори ҳукумат қабул шудааст.

Дар санад қайд мешавад, ки ба гирифтани иловапулӣ шахсоне ҳуқуқ доранд, ки дар сохтмон, саноати кӯҳкорӣ, энергетика, бахши алоқа, хоҷагиҳои ҷангал ва об, корҳои геологиву иктишофӣ, топографӣ, геодезӣ ва харитасозӣ, инчунин пажуҳишҳо (экспедитсияҳо)-и илмӣ ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ машғуланд.

“Иловапулӣ ба коргарон барои корҳои сайёр бо мақсади ҷуброни хароҷоти марбут ба тез-тез ҷойивазкунии корхона ё дурии он аз макони зисти онҳо дода мешавад”, - зикр мегардад дар санад.

Гуфта мешавад, агар корманд имкон надошта бошад, ки ҳар рӯз ба макони зисташ баргардад, хароҷоти иҷораи манзил мутобиқи меъёрҳои муқарраркарда дар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар бораи ҷуброни хароҷот ҳангоми дар сафари хизматӣ будан пардохта мешавад.

Зикр мегардад, ки иловапулӣ ба корҳои дорои хусусияти сайёр ва мавсимӣ дар ҷойи иҷрои корҳо пардохта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ музди меҳнати кормандони буҷет, инчунин нафақа ва стипендияҳо ба андоза 10-15% зиёд карда шуданд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.