расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Дар Бадахшон интернет дубора дастрас шуд

АХБОРИ ОҶИЛ / Ҷомеа / Ҳаводис

Дар Бадахшон интернет дубора дастрас шуд

Дастрасӣ ба интернет дар вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон дубора барқарор шудааст.

Рӯзи 17-уми май, пас аз онки сокинон дар Рӯшон роҳи корвони низомиро ба самти Хоруғ бастанд, интернет дар ин вилоят қатъ шуда буд.

Як сокини шаҳри Хоруғ ва як сокини ноҳияи Рӯшон дастрас шудани интернет дар ин вилоятро тасдиқ карданд. Онҳо гуфтанд, ки бегоҳии рӯзи 25-уми июн бидуни огоҳӣ интернет пайдо шуд.

"Зиёда аз як моҳ интернет надоштем. Одаме, ки солҳо бо интернет зиндагӣ мекунад, агар интернет надошта бошад, мисли нобино аст. Мо бо наздиконамон дар муҳоҷират ба ҳамин восита гап мезадем.",--гуфт як тан аз сокини шаҳри Хоруғ, ки нахост номашро зикр кунем.

Рӯзи 16-уми май сокинон дар Хоруғ эътироз карда буданд. Мақомот рӯзи 18-уми май эълон карданд, ки "гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятӣ дар Рӯшон" як афсарро куштанд ва 13 тани дигарро захмӣ карданд. Сокинон гуфтанд, ки эътирозгарон силоҳ надоштанд. Дар ин ҳодиса, ба гуфтаи мақомот, 16 нафар, вале ба гуфтаи сокинон беш аз 30 нафар ба ҳалокат расид.

Корвони низомӣ пас аз ҳодисаи Рӯшон ба самти Хоруғ ҳаракат кард. Сокинон мегӯянд, он рӯзҳо шаҳр пур аз низомиён буд. Рӯзи 22-юми май Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров, як чеҳраи путарафдор дар шаҳри Хоруғ, дар шароити мармуз кушта шуд. Дар пай чанд узви "Комиссияи 44", иборат аз намояндагони ҷомеи шаҳрвандӣ, ки моҳи ноябри соли гузашта барои таҳқиқи ҳодисаҳои охири он моҳ таъсис ёфта буд, боздошт шуданд.

Толиб Айёмбеков, полковники мустаъфӣ, Хурсанд Мазоров ва беш аз даҳ чеҳраи таъсиргузор ё боздошт шуданд ва ё кушта шуданд.

Мақомот сабаби қатъи интернет дар Бадахшонро шарҳ надоданд. Маъмулан, дар пайи нооромиҳо дар Тоҷикистон интернет дастнорас мешавад. Огоҳони вазъ мегӯянд, мақомот ба хотири роҳ наёфтани навору акс аз маҳали ҳодиса чунин иқдом мекунанд. Охири моҳи ноябри соли гузашта низ дар ВМКБ интернет дастнорас шуда буд. Интернетро пас аз он дастнорас карданд, ки рӯзи 25-уми ноябр, пас аз кушта шудани Гулбиддин Зиёбеков, сокини ноҳияи Роштқалъа, дар амалиёти мақомоти интизомӣ сокинон чор рӯз дар Хоруғ эътироз карданд.



Сарчашма:озоди

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.