расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Фармони Президент: Генерал-полковники нави тоҷик кист – акс

. / Ҷомеа

Фармони Президент: Генерал-полковники нави тоҷик кист – акс

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус, имсол дар арафаи ҷашни Истиқлол, танҳо як нафар рубтаи махсуси генерал-полковник гирифт
Шерхон Салимзода, директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Тоҷикистон бо рутбаи махсуси “генерал-полковники адлия” сарфароз гардонида шуд, хабар дод котиботи Агентии мазкур.

Аз муфаттиш дар ВМКБ то Агентии зидди фасод ва додситони кул

Салимзода 1 январи соли 1957 дар ноҳияи Темурмалик зода шуда, соли 1979 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Фаъолияташро соли 1980 аз кор мақоми ҳуқуқшиноси иттиҳодияи “Селхозхимия”-и Кӯлоб оғоз карда, баъди хизмат дар артиш ба кор дар мақомоти додситонӣ дар ВМКБ гузаштааст. Ӯ ба ҳайси ёвари калони додситон, муфаттиши калони додситонии ВМКБ, баъдан дар мақомоти ҳизбӣ дар ВМКБ ва Кӯлоб, сипас ба ҳайси додситони шаҳру навоҳии гуногуни кишвар кор кардааст.

Аз соли 1998 то 2002 додситони шаҳри Душанбе буда, аз соли 2002 то 2007 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шудааст. Ӯ моҳи январи соли 2007 бо фармони раисиҷумҳур роҳбари ниҳоди навтаъсис – Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия таъйин гардид.
Аз моҳи июни соли 2009 мушовири давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон ва аз январи соли 2010 ҷойгузини Бобоҷон Бобохонзода дар мақоми Додситони кулли Тоҷикистон шуд. Соли 2015 аз мақоми додситони кулли Тоҷикистон озод гардид ва баъдан ба ҳайси раиси Иттифоқҳои касабаи мустақили кишвар интихоб шуда буд. Солҳои охир дар мақоми директори Агентии назорати маводи нашъаовар кор мекунад.

Read more: https://sputnik-tj.com/Tajikistan/20200907/1031861921/General-polkovniki-navi-tojik-kist--aks.html

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.