расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард 15:45 19.06.2022

Асосӣ / Ҷомеа / Ҷаҳон

Қазоқистон барои шаҳрвандони Эрон 14 рӯз низоми бидуни раводид ҷорӣ кард 15:45 19.06.2022

Шаҳрвандони Эрон имкон пайдо намуданд, ки муддати 14 рӯз бидуни гирифтани раводид меҳмони Ҷумҳурии Қазоқистон гарданд. Ба ин тавоқуф раисҷумҳурони Эрону Қазоқистон расиданд.

Маврид ба зикр аст, ки президенти Қазоқистон Қосим - Ҷомарт Тоқаев феълан бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор дорад.

 Масълаи лағви раводид барои 14 рӯз низ зимни мулоқоти кишвардорон ба даст омад.

"Мо барои шаҳрвандони Эрон ба муддати 14 рӯз режими бидуни раводид ҷорӣ мекунем. Ин тадбир ба манзури тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла густариши иртибот миёни намояндагони доираҳои тиҷоратӣ, ҷалби теъдоди зиёди сайёҳон аст. Бовар дорам, ки тоҷирони эронӣ аз ин бартарият пурра истифода мекунанд”, - гуфт Тоқаев.

Дар ин дидор Тоқаев Эронро наздиктарин ҳамсояи Қазоқистон дар минтақаи Хазар ва шарики боэътимод хонд. Вай ҳамчунин ба санаи муҳим - 30-умин солгарди барқарории равобити дипломатии ду кишвар таваҷҷуҳ карда, таъкид кард, ки дар ин муддат равобит таҳким ва дӯстии кишварҳо бештар рушд кард.

"Робитаҳои ҳамаҷонибаи мо ҳамарӯз ба таври динамикӣ инкишоф меёбанд. Ин натиҷаи муколамаи сиёсӣ дар асоси эътимоди мутақобила аст. Шӯроҳои байниҳукуматӣ, парлумонӣ ва соҳибкорон фаъолият доранд. Бо вуҷуди монеаҳои мавҷуда ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба таври қобили мулоҳиза густариш меёбанд", - гуфт раисиҷумҳури Қазоқистон. к

Зимнан, президенти Эрон, Иброҳим Раисӣ ба Тоқаев барои қабули даъвати ӯ изҳори сипос кард. "Нахустин мулоқоти мо бо шумо дар ҳошияи нишасти Душанбе сурат гирифт. Ман аз ташрифи шумо ба Теҳрон хеле хушҳолам. Боварӣ дорам, ки сафари шумо ба Эрон як такони тозае бахшида, дар равобити мо як гардиши бузург хоҳад кард", - гуфт рохбари Эрон.

Сарчашма:Sputnik

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.