Усмонзода: Ба соҳили Панҷ кӯкноркорӣ меравем
-Муҳтарам Усмонзода, саволи аввали ман ба ҳамаи президентшавандаҳо як аст, чаро шумо ба пешниҳод ба маснади
-Ҳар як ҳизб ҷомеаро ба таври худ дидан мехоҳад ва мақсади ҳизби сиёсӣ ҳам сохтани чунин ҷомеа аст, ки ба назараш беҳтар аст. Номзадии маро бори дуюм аст, ки ҳизбамон пешниҳод мекунад. Аввал аз маҳалҳо ва баъдтар дар анҷумани ҳизб аъзои он маро чун номзад ба Президенти кишвар пешниҳод карданд ва ман розӣ шудам.
-Асос ҳамин аст. Имрӯз блоки иқтисодӣ ягона роҳи пур кардани буҷаро дар баланд кардани андоз мебинанд,ки ин нодуруст аст. Мо бояд харитаи умумии сохтмони корхонаҳоро созем ва онро ба ҳама, ба ҷаҳониён муаррифӣ кунем. Тоҷири ватанӣ ва ё хориҷие,ки мехоҳад ба он сармоягузорӣ кунад, набояд паси дари Вазорати саноат ва ё ягон сохтори дигар соатҳо интизор шавад, ӯ бояд аз рӯи ҳамин харита ба роҳбари ноҳия вохӯраду дар қабулгоҳи ӯ аз панҷ дақиқи вақт бештар сарф накунад.Он гоҳ сармоягузор ба мо таваҷҷуҳ мекунад. Ҳоло аксаран чиновникҳо садди роҳи рушд мешаванд .Ба назари мо, бояд Вазорати саноат барҳам дода шавад. Ба ҷои ин ягон 5-7 нафар корманд функсияи онро иҷро карда метавонад. Бачаҳое, ки дар Оксфорд, дар Гарвард ва дигар ҷойҳо таҳсил кардаанд, бояд дар назди
-Ҳанӯз мо давлати демократӣ насохтаем ва имрӯз ҳар кас онро ба таври худ мефаҳмад. Мулло мехоҳад он исломӣ бошад, коммунист мехоҳад давлати коммунистӣ бошад, ҷавонон худ намедонанд,ки демократияаш чист ва гумон мекунанд, ки ба ҳама кор иҷозат бошад, ин демократия аст.Аммо ин тавр нест.
-Албатта, ришвагирӣ падидаест хеле бад ва монеи пешрафт мегардад. Аммо ҳатто дар кишварҳои пешрафта ҳам ришва ҳаст. Шояд шумо хандед, вале вақте ки дар меҳмонхона корманди он бағоҷи шуморо то ҳуҷра мебарад, интизор мешавад,ки шумо ба вай чанд пайса диҳед, ҳол он,ки ин вазифаи ӯст ва ин ҳам як навъ ришва аст. Ҳатто баъзе муллоҳо ба тани ришва ҷомаи шариат мепӯшонанд. Масалан, бо гӯши худам шунидам,ки як мулло мегуфт: “Дар ояи 64 (агар хато накунам) омадааст,ки агар шумо ба якдигар туҳфа диҳед, муҳаббататон нисбат ба ҳамдигар афзун мегардад.” Магар ин ҳам ришва нест? Тавре гуфтем, номукаммалии Қонуни андоз, монополия, садди роҳи соҳибкорӣ ва тиҷорат шудани масъулон низ сабабгори афзоиши ришвахӯрӣ мешавад.Ҳарчанд ки Ҳукумат дар ин ҷода то андозае муваффақ аст ва имрӯз сохторҳои гуногун метавонанд зидди ҳамдигар амал карда, гунаҳкоронро боздошт намоянд….
-Зиёда аз 99 фисади мардуми мо мусалмонанд, аммо мо пайрави исломи ноб, исломи аҳли суннату ҷамоат ҳастем ва бояд аз ифродгароҳои арабпараст пайравӣ накунем. Ислом дини ҳамагон аст ва дар рушди он форсҳо нақши бузурге бозидаанд. Мо бояд либоси миллии худро ҳифз кунем ва аз фарҳанге,ки гузаштагонамон ба он арҷ гузоштаанд, пайравӣ кунем. Муллоҳҳо ба воситаи ВАО, ТВ –ҳо баромад карда, масъалаҳои диниро шарҳ диҳанд. Инчунин, либоси миллии мо, хусусан либоси мактабии духтарони мактабхон ислоҳот мехоҳад. Масалан, онҳоро аз кӯдакӣ ба юбкапӯшӣ одат накунонем ва бояд элементҳои либоси миллиамон вуҷуд дошта бошад.Инчунин, тамоми коргузорӣ ва қонунҳо то нуқтаи охирин бояд тоҷикӣ бошад.
-Муҳоҷирон низ ҳиссаи бузурги интихобкунандагонро ташкил медиҳанд…
-Бале, аммо ман мехостам, ки аввал барои осон кардани кори муҳоҷирон аз ҳар Сафорати Тоҷикистон, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ ҳастанд, якнафарӣ ихтисор карда, дар ҳар вилояти Русия як консулгарӣ ташкил кунанд, то ки муҳоҷир тавонад дар ҳолати зарурӣ сари вақт ба онҳо муроҷиат карда тавонад. Дигар ин ки бояд мурдаи тоҷик аз хориҷа бе пул ба Ватан оварда шуда, зану кӯдакони сағирмондаи ӯ ба ғамхории моддию маънавӣ фаро гирифта шаванд.
-Муҳтарам Усмонзода, боз кадом масъалае ҳаст,ки мехостед сари он махсус таъкид кунед?
-Мехостам гӯям, ки ҳар кас бояд вазифаи худро адо намояд. Масалан, дахолат намудани шахсони беруна ба кори муаллиму маориф нодуруст аст. Магар милиса ҳақ дорад,ки конспекти муаллимро тафтиш кунад. Ӯ кори дигар надорад? Агар ӯро барои чунин корҳое,ки вобаста ба вазифаи касбиаш нест, ҷалб кунем, пас дузду авбошро кӣ бояд дорад? Ё худ, муаллим чаро бояд ба шанбегӣ, ин падидаи аз замони шӯравӣ боқимонда ҷалб шавад? Агар ӯ ба корҳои ғайрикасбиаш машғул шавад, ба хонандаи мактаб кӣ савод меомӯзонад? Ҳамаи ин корҳо бояд барҳам дода шаванд ва ҳар кас кори худро бояд кунад.
Мусоҳиб А. Аҳмадзода