расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Маводи мухаддирро аз Тоҷикистон бо баллонҳои газӣ ба Ӯзбекистон бурданд

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Маводи мухаддирро аз Тоҷикистон бо баллонҳои газӣ ба Ӯзбекистон бурданд


Ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони пропани дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз балонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи корҳои дохилии Самарқанд 
иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ин қочоқбарон маводи мухаддирро ба сокини ноҳияи Ургут супурдаанд, ки ҳангоми мусодираи афюн яке аз баллонҳо таркидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш, қочоқбарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.
- Дар рафти тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ 244,19 грамм маводи мухаддир пайдо намудаанд, - навиштааст сомонаи ӯзбекӣ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи тоҷирони номуваффақ дар асоси Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тавре ки nuz.uz менависад, «балони газро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон марди 44-солаи сокини Душанбе Д.О. ҳамроҳ бо зодаи шаҳри Бохтар С.С. мебаранд. Ин афрод балони газро ба ноҳияи Ургут, ба манзили дӯсти худ М.Ф.-и 43-сола бурданд. Аммо вақте ки онҳо мехостанд онро кушоянд, баллон таркидааст”.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.