расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Як корманди Донишгоҳи миллӣ бо пора дастгир ва тибқи қонуни афв озод шудааст

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Як корманди Донишгоҳи миллӣ бо пора дастгир ва тибқи қонуни афв озод шудааст

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти як корманди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Даврон Эгамов бо гумони талаби пора ба маблағи 2,5 ҳазор доллари америкоӣ хабар медиҳад. Ин ниҳод мегӯяд, баъди боз шудани парванда нисбати ӯ қонуни авфи моҳи сентябри соли 2021 татбиқ  ва парванда  қатъ шудааст.
Сомонаи расмии Оҷонсии зиддифасод навиштааст, ки  Даврон Эгамов замоне ки дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи бақайдгирӣ ва низоми таҳсилоти кредитӣ дар Раёсати таълими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекард, бо истифодаи мақоми хизматиаш аз як шаҳрванд барои дохил намуданаш ба шуъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ 2500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.
Ба таъкиди ин ниҳод, Эгамов ҳангоми гирифтани маблағ дар ҷойи ҳодиса боздошт гардида, маблағҳои мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
- Оиди ҳолати мазкур нисбати Эгамов Даврон Абдуҳабибович бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қаллобӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, бинобар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» парвандаи ҷиноятӣ нисбати номбурда бо дастрасии талаботи моддаи 27 қисми 1 сархати 4 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда шуд,- навиштааст Оҷонсии зиддифасод.
Ин модда ҷазои аз 5 то 8 соли зиндон пешбинӣ мекунад.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.