расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » “Барқи тоҷик” лимити барқро дар Тоҷикистон рад мекунад

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

“Барқи тоҷик” лимити барқро дар Тоҷикистон рад мекунад


 
ШСХК “Барқи тоҷик” маълумотро дар бораи интиқоли маҳдуди барқ ба деҳоти ҷумҳурӣ рад мекунад. “Ин маълумот асос надорад”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” дар ширкати мазкур.
Дар сурати қатъи интиқоли барқ, “Барқи тоҷик” аз истифодабарандагон даъват мекунад, ки ба шабакаҳои маҳаллии барқ муроҷиат намоянд.
Дар мавриди содироти барқ дар ширкат зикр мекунанд, ки танҳо баҳри нигаҳдории коршояии хатҳои интиқол ва таҷҳизот миқдори начандон зиёди он ба Афғонистон интиқол меёбад.
Дар ҳамин ҳол, “Барқи тоҷик” маълумоти Агентии оморро дар бораи содироти барқ дар соли 2021 низ рад мекунад.
Бино ба маълумоти Агентии омор, дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя ба маблағи қариб 93,6 млн доллар неруи барқ интиқол дода шудааст.
Аммо дар ширкати “Барқи тоҷик” мегӯянд, соли 2021 ба сурати умум, ба маблағи 14,3 млн доллар камтар дар муқоиса бо рақамҳои аз ҷониби Агентии омор ишорашуда барқ содир шудааст.
Дар ширкат ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, ки соли гузашта ба хориҷа ба маблағи 896,1 млн сомонӣ (79,3 млн доллар) неруи барқ содир шудааст, ки 371,7 млн сомонӣ (32,9 млн доллар) зиёдтар нисбат ба соли 2020 мебошад.
Аз ҷумла соли гузашта аз Тоҷикистон ба Афғонистон ба маблағи 635,9 млн сомонӣ (56,3 млн доллар) ва Ӯзбекистон - 260,2 млн сомонӣ (23 млн доллар) неруи барқ интиқол дода шудааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.