расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Як сарбозро дар артиш тир заданд!

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҳаводис

Як сарбозро дар артиш тир заданд!

Як сарбози тоҷикро, ки дар қисми ҳарбӣ дар шаҳри Панҷакент адои хидмат мекард, бо захми тир дар бемористон бистарӣ кардаанд. Маълум нест, ки Бузургмеҳр Юлдошзодаи 20-cола аз ноҳияи Ҳамадонӣ чӣ гуна ба ин ҳол уфтодааст. Мақомот ҳодисаро шарҳ намедиҳанд. Баъзе аз шахсони наздик ба сарбоз гуфтанд, ки ӯ зери фишор буд.
Нисо Юлдошева, модари Бузургмеҳр Юлдошзода, рӯзи 3-юми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳодиса шаби 30 ба 31-уми декабри соли 2021 рӯй додааст. "Вақте ба шифохона бурданд, писарамро ҷарроҳӣ карданд. Вай чашмонашро кушод, вале ҳарф зада наметавонист. Танҳо ангуштонаш ҳаракат мекарданду бас," – афзуд ӯ.
Ба нақли ин сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, масъулони қисми ҳарбӣ ӯ ва шавҳарашро ба шифохонаи шаҳри Панҷакент бурда, гуфтаанд, "писаратон захмӣ шудааст ва соҳиби билети ҳарбӣ шуда, ба хона бармегардад." "Вай гап зада наметавонад ва нафаҳмидам, ки чаро чунин шудааст," -- мегӯяд Нисо Юлдошева.
Талошҳои мо барои фаҳмидани мавқеи мақомот то ин дам натиҷа надод. Рӯшан нест, ки додситонии ҳарбӣ қазияро таҳқиқ мекунад ё не.
Дар ҳамин ҳол, яке аз дӯстони Бузургмеҳр Юлдошзода бе зикри номаш гуфт, "се ҳафта пеш ба рухсатӣ омада буд ва ба пул эҳтиёҷ дошт." Маълум нест, ки Бузургмеҳр Юлдошзода чаро пул пурсидааст, вале дӯсти ӯ иддао кард, ки "қаблан дар ивази чаҳорсад сомонӣ гуё рухсатӣ гирифта будааст." Намояндагони қисми ҳарбӣ дар ин бора чизе нагуфтаанд.
Ба нақли пайвандонаш, Бузургмеҳр Юлдошзода дар моҳи марти имсол, пас аз омӯзиши давраи ронандагӣ дар ДОСААФ (Ташкилоти мададгори мудофиа), довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафтааст.
Марги сарбозон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои дигари ҳифзи тартиботу қонун дар Тоҷикистон масъалаи нав нест. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" – як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон – мегӯяд, аз соли 2015 то 2019 ба онҳо ҳудуди даҳ мавриди марги сарбозон дар қисмҳои низомӣ ошкор шудааст ва аксари онҳо дар пайи бадрафторӣ ё азияти сарбозон рух додааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.