расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » Норозигии тоҷирони "Султони Кабир" барои гузаронидан ба ҷойи дигар!

Асосӣ / Ҷомеа

Норозигии тоҷирони "Султони Кабир" барои гузаронидан ба ҷойи дигар!


Тоҷирони бозори «Султони Кабир» дар шаҳри Душанбе ба бозори навбунёди «Кушониён» кӯчонида мешаванд. Дар ин бора дар мулоқоте, ки бо ҳузури масъулони шаҳрдории Душанбе бо соҳибкорони бозори «Султони Кабир» ҳамин ҳоло дар ин бозор ҷараён дорад, гуфта шуд.

Умед Гуреззода муовини раиси шаҳри Душанбе, дар ин мулоқот гуфт, аллакай бештар аз 600 соҳибкори бозори «Султони Кабир» барои рафтан ба бозори Кушониён ариза додаанд. Ба гуфтаи ӯ, ба соҳибкорон се моҳ  — аз якуми март то моҳи июн имтиёз дода мешавад ва онҳо аз пардохти иҷорапулии бозор озод мебошанд.

— Бозори Кушониен омода аст аз ҳамин моҳ қабули соҳибкоронро оғоз кунад ва соҳибкорон имкон доранд аз рӯзи омадан то 1 июн иҷорапулии бозоро дар ҷойи нав насупоранд, — гуфт Гуреззода.

Дар вохурӣ раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Самӣ Шарифзода, раиси Бозори «Кушониен» Муҳаммадшоҳ Давлатшоҳзода, Фатҳиддин Усмонзода раиси ноҳияи Фирдавсӣ ва худи молики бозор Аваз Кабиров ширкат доранд.

Молики бозор Аваз Кабир дар ин вохурӣ ба соҳибкорон гуфт, «дигар роҳ нест маҷбурем аз бозор бикучем, саркашӣ накунед ва лутфан кӯшиш кунед тезтар бозорро тарк кунед».

Бархе аз соҳибкорон аз кӯчонидани бозор норозиятӣ карда, аз масъулин хоҳиш намуданд, ки ҳадди ақал як соли дигар иҷозат диҳанд то дар бозори «Султони Кабир» фаъолият кунанд, вале масъулин гуфтанд, ин кор ғайриимкон аст ва аллакай тасмим ниҳоӣ шудааст.Cf

Сарчашма: asiaplustj.info

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.