расонаи иттилии - Ориён » АХБОРИ ОҶИЛ » Вазири корҳои дохилӣ бо як санҷиш ба ВМКБ рафт

АХБОРИ ОҶИЛ / Асосӣ / Ҷомеа

Вазири корҳои дохилӣ бо як санҷиш ба ВМКБ рафт

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо мақсади омодагии афсарону сарбозон ба мавсими зимистонгузаронӣ, ҳамзамон санҷиши ҳолати омодабошии ҷангӣ аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои дохилии Вазорат дар ВМКБ боздид ба амал овард.
Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, дар рафти санҷиш маълум гардид, ки афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии номбурда ба мавсими зимистонгузаронӣ омодагии ҳамаҷониба дида, дар анборхонаи онҳо захираи маҳсулоти хӯрока, либос ва сӯзишворӣ ба миқдори лозимӣ захира карда шудааст.
“Омодабошии ҷангии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, бахусус сарбозону афсарон дар сатҳи баланди касбӣ буда, техника ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар ҳолати хуби коршоямӣ қарор доранд”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, зимни суҳбату вохӯрӣ афсарону сарбозон рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба давлату миллат нишон дода, ҳифзи ватан ва таъмини амнияти шаҳрвандонро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд.
Зикр мегардад, ки Рамазон Раҳимзода барои хизматҳои арзанда дар таҳкими суботу оромӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинони вилоят ба афсарону сарбозон изҳори миннатдорӣ карда, бархе аз онҳоро аз номи Вазорат бо туҳфаҳо сарфароз гардонид ва дар хизмати сермасъулияту пурифтихор ба онҳо муваффақияту комёбӣ орзу намуд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.