расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонид: беистироҳат кор мефармуданд

. / Ҷомеа

Бераҳмии падару писар келинро ба худкушӣ расонид: беистироҳат кор мефармуданд

Муносибати бераҳмонаи ҳамсар ва хусур келини хонадонро ба худкушӣ расонидааст

Додгоҳи ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон падару писарро барои ба марг расонидани келини хонадон равонаи зиндон кардааст, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Додситони куллӣ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, Саидкулиев М.Ш. зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Дӯстӣ, Ҷамоати деҳоти “Г.Гулмуродов”, деҳаи Қаҳрамон моҳи феврали соли 2019 бо тариқи расму оини мусулмонӣ бо шаҳрванд Джумаева Нурсултан Рузимурадовна, сокини ҳамин ноҳияи оиладор мешавад.

Саидкулиев М.Ш. давоми зиндагонии якҷояашон дидаю дониста, ки Джумаева Н.Р. дигар тобеи ӯ мебошад, мунтазам таҳдид, муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибори шахсии номбурдаро раво дида, нисбаташ суханони қабеҳ ва дашному ҳақорат намуда, беасос ӯро мавриди лату кӯб қарор медодааст, афзудааст манбаъ.

Ба иттилои додситонӣ, падари Саидкулиев М.Ш.- Саидкулиев Ш.Я. бар замми ин дар рӯзҳои гарму офтобӣ келинаш Джумаева Н.Р.-ро ба корҳои саҳрой бидуни истироҳат ҷалб менамудааст.

"Дар натиҷаи ин муносибати мунтазами бераҳмонаи падар ва писар 3-маротиб ҳомиладории Джумаева Н.Р. қатъ гардидааст", - афзудааст манбаъ.

Гуфта мешавад, келини хонадон ба ин кирдорҳои падару писар тоқат накарда, 08 майи соли 2021 бо мақсади худкушӣ намудан ба хонаи падараш рафта, аз набудани аҳли хонаводаашон дар равчӯби болои боми манзили истиқоматии волидайнаш худро бо руймоли сараш овехта, ба ҳалокат расонидааст.

Падару писар бо дастрасии моддаи 109 қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон маҳкум гардидаанд.

Сарчашма: ​Sputnik Tajikistan​​​

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.