расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҳамсари 1-уми Директори ширкати Мегафони Душанбе Парвиз Давлатзода ҳамсари 2-юмашро ЗАДА, нимкушта кардааст... Вой бар ҳоли чунин директор...

. / Ҳаводис

Ҳамсари 1-уми Директори ширкати Мегафони Душанбе Парвиз Давлатзода ҳамсари 2-юмашро ЗАДА, нимкушта кардааст... Вой бар ҳоли чунин директор...

Рӯзи 25 август Давлатова Азиза ҳамсари қонунии директори филиали ширкати Мегафон Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Парвиз Давлатзода ба рафтори шавҳараш шубҳа пайдо карда, тавассути телефонаш муайян мекунад, ки ӯ дар хонаи Мадина Мамадҷоновна ном як ҷавонзани дигар аст. Парвиз Давлатзода мефаҳмад, ки ҳамсараш бо нияти ҷанҷол ба пеши онҳо омада истодааст ва зуд ба қавле “думро хода мекунад” ва ишқи навашро танҳо мегузорад.
Азиза тақрибан соати 14  Мадинаро бо 2 духтараш ба таври маҷбурӣ ба мошин савор карда, ба минтақаи Варзоб бурда, Мадинаро сенафара то соати якуними шаб таҳқиркунон озору шиканҷа медиҳад. Дар натиҷа Мадина дар ҳолати кома афтода, бо сару рӯ ва бадани пур аз осори латтукӯб ба хонааш оварда, партофтаанд. Худи Мадина инак беш аз ду моҳ боз касеро намешиносад, фақат дод мезанаду нола мекунад ва дар бораи ончӣ ки бо вай дар тӯли он қариб 12 соати “асорат” гузашт, чизе нақл карда наметавонад. Ташхисҳои тиббӣ нишон додаанд, ки ӯро дар тӯли соатҳои зиёд нафақат шадидан латтукӯб ва тамоми аъзои баданашро сиёҳу кабуд кардаанд. Ӯро дар “асорат” он қадар зиёд буғӣ кардаанд, ки мағзи сараш муддатҳо бидуни ҳаво (кислород) мондааст а дар натиҷа, як қисмати мағзи сари Мадина аз кор баромада, ин ҷавонзан умрбод маъюб шудааст. Табибон тарс доранд, ки Мадина ҳатто агар зинда бимонад, дигар ҳеҷ гоҳ мисли пеш солиму бардам нахоҳад шуд... 
Айни замон Парвиз Давлатзода ва Мадина Давлатова духтарони худро, ки дар содир кардани ҷиноят ҳамшарик буданд, аз Тоҷикистон ба  Федератсияи Русия гурезондаанд. Оилаи Давлатовҳо соҳиби шаҳрвандии Русия буда, дар ФР соҳиби хонаи истиқоматӣ ва дача ҳастанд. Парвиз Давлатов домоди як мақомдор буда, ӯ масъалаи аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шудани оилаи худ Азизаро аллакай ҳаллу фасл кардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.