расонаи иттилии - Ориён » Асосӣ » МОДАРИ МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ ОВОЗХОН ШУД

Асосӣ / Ҳаводис

МОДАРИ МЕҲРНИГОРИ РУСТАМ ОВОЗХОН ШУД

Афсонаи Рустам, модари овозхонҳои ҷавони тоҷик Меҳрнигори Рустам ва Сафармуҳаммади Рустам нахустин суруди худро нашр кард. Тарона “Ту аз ман будӣ” унвон гирифта, то кунун онро дар шабакаи YouTube наздики 12 ҳазор нафар тамошо кардаанд. “Даъвои ҳунарнамоиву худситоиро надорам. Фақат ба худам иҷозат додам, ки таронаи писандидаи замони наврасиямро бозхонӣ кунам. Бо узри зиёд пеши ононе, ки ин таронаро хондаанд, намунаи ночизи худамро барои шумо пешкаш мекунам. Хондани ин суруд таманнои деринаам буд. Лутфан, сахтгир набошеду чун як паёми тозаи баҳор қабулаш кунед, зеро ман фақат барои дили худам ва меҳри шумо сурудамаш”,-навиштааст Афсонаи Рустам дар саҳифаи Инстаграмаш. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таронаро хуш пазируфта, садои овозхонро васфу ситоиш кардаанд. Чандин нафар пешниҳод низ кардаанд, ки агар Афсонаи Рустам овозхониро барои ҳамешагӣ пеша кунад, ҳатман муваффақ мешавад, зеро садову симои мувофиқ дорад. Худи овозхон дар ин маврид мушаххасан чизе нагуфтааст ва маълум нест, ки дубора сурудхонӣ мекунад ё на. подробнее тдж: https://oila.tj/news/modari-mernigori-rustam-ovozkhon-shud?fbclid=IwAR19eR6q6RYEc7vcib3nCH6Z6JCmu1MHarOqE-ek4izenCes3mbWetjCnmw

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

  • Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

    забонҳо

    Маъмурияти сомона:

    Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.