расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Соли 2020 Тоҷикистон воридоти орду гандумро афзуд

. / Иқтисодиёт

Соли 2020 Тоҷикистон воридоти орду гандумро афзуд

Маҳсулоти нонӣ соли гузашта қариб 14% қимат шуд.

Сурат: pamirdaily.com
Соли 2020 ба Тоҷикистон ҳудуди 900 ҳазор тонна гандум ва 80 ҳазор тонна орд ворид карда шуд, хабар медиҳад Хадамоти зиддинҳисории назди ҳукумати ҶТ.
Дар муқоиса бо соли 2019 ҳаҷми воридоти гандум ба андозаи 19,1% ва орд - 4,8% зиёд шуд.
Нархи 1 тонна гандуми воридшуда ба ҳисоби миёна 243 доллар ва 1 тонна орд - 261 долларро ташкил дод.
Ба воридоти гандум 95 субъект ё худ ширкатҳо ва орд - 50 субъект машғул шуданд.

Наздики 94%-и гандум аз Қазоқистон ва қисмати боқимонда аз Русия ва Ӯзбекистон ворид шудааст. Воридоти орд аз Қазоқистон қариб 95%, Русия - 5% ва Ӯзбекистон - 0,3% сурат гирифтааст.
Дар Тоҷикистон соли гузашта 864 ҳазор тонна ҳосили гандум ҷамъоварӣ шуда, истеҳсоли орд бо назардошти гандуми худӣ ва воригардида, зиёда аз 830 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, соли 2020 арзиши маҳсулоти нонӣ дар ҷумҳурӣ қариб ба андозаи 14% боло рафт.
Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ инро болоравии нархи орду гандум дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.