расонаи иттилии - Ориён » . » Иқтисодиёт » Омодагии Русия ҷиҳати таъмини ТАЛКО бо вагонҳо бо шартҳои имтиёзнок

. / Иқтисодиёт

Омодагии Русия ҷиҳати таъмини ТАЛКО бо вагонҳо бо шартҳои имтиёзнок

Масоили ҳамкорӣ дар бахши саноат байни субъектҳои хоҷагидории кишварҳо баррасӣ шуд.

Сурат: хадамоти матбуоти Вазорати саноат ва савдои ФР
Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) омодагӣ изҳор намуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати саноат ва савдои ФР.
Гуфта мешавад, дар вохӯрии намояндаи савдои Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков бо директори Департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи ҶСК “ТАЛКО” Игор Сатторов масоили ҳамкории дуҷониба дар бахши саноат байни субъектҳои хоҷагидории Тоҷикистону Русия баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот ҷонибҳо иштироки имконпазири Русияро дар амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ карданд.

Ғайр аз ин, таъкид мешавад дар хабар, дар доираи гуфтушунид масъалаи аз Русия ба Тоҷикистон иниқол додани вагонҳои боркаши инноватсионӣ барои “ТАЛКО” бо шартҳои маблағгузории имтиёзнок ба миён гузошта шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Евгений Коренков иштироки ҷониби Русияро дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимтарини сармоягузорӣ, ки ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ имкон медиҳанд, таъкид дошт.
Зимнан зикр шуд, ки Намояндагии савдои Русия дар Тоҷикистон ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҳама гуна иқдомҳо дар ин самт омода аст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.