Ошкор гардидани ҷинояти сохтакории ҳуҷҷатҳо
Дар натиҷаи гузаронидани як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Раёсати амнияти дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон Таҷибоев Ибодулло Додохонович, соли таваллудаш 1961 ва Нематуллоев Зарифҷон Акбарович, соли таваллудаш 1976, сокинони ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон дастгир карда шуданд.Номбурдагон бо истифода аз дастгоҳи чопкунии ранга, сканер ва техникаи компютерӣ ба сохтакорӣ машғул буда, ҳуҷҷатҳои истифодабарии воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла полиси суғуртаи ҳатмӣ, маълумотномаи муоинаи тиббӣ, санади аз ташхис гузаштани воситаи нақлиёт аз системаи газӣ, кортҳои ташхиси диагностикӣ, расидҳои бонки БДА ”Амонатбонк” оиди пардохти андози воситаи нақлиёт ва дигар ҳуҷҷатҳоро сохтакорӣ намуда, ба ронандаҳо ба маблағи муайян пешниҳод мекарданд.
Дар натиҷа 7-ҳолат ошкор карда шуда, маводҳо ба Шуъбаи тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон пешниҳод гардида, нисбати номбурдагон бо моддаи 340 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.