расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Ҳукуматҳои Аврупо мегӯянд, бозгашти кӯдакон ба мактабҳо як амри ҳаётист.

. / Ҷомеа

Ҳукуматҳои Аврупо мегӯянд, бозгашти кӯдакон ба мактабҳо як амри ҳаётист.

Ҳукуматҳо дар кишварҳои Аврупо барои соли нави таҳсил омода мешаванд, чун ба гуфтаи мутахассисон бозгашт ба мактаб барои кӯдакон фавқуллода муҳим аст.
Баъди хуруҷи коронавирус ва бастани мактабҳо дар моҳи март бисёре аз муҳассилон дигар ба мактаб нарафтанд. Бо дигарбора зиёд шудани теъдоди мубталоёни COVID-19 дар Аврупо иттиҳодияҳои омӯзгорон дар саросари минтақа аз хатарҳои эҳтимолӣ ба сиҳатии кормандони мактабҳо изҳори нигаронӣ кардаанд.
Нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон мегӯяд, “мактабҳо эмин ҳастанд. Олист, ки муҳассилин баргаштанд.”
Ба гуфтаи донишмандони бритониёӣ, дар хона мондани бачаҳо назар ба хатари бозкушоии мактабҳо зиёдтар аст.
Крис Вайти, мушовири аршади тандурустии ҳукумати Бритониё гуфт: “Хатари онки кӯдакон дар мактаб бемории COVID-19 мегиранд ва ба оқибатҳои ҷиддии дарозмуддати он дучор мешаванд, фавқуллода кам аст. Далелҳои он ки ба мактаб нарафтан, ба кӯдакон ва барои дарозмуддат осеб мерасонад, бисёр зиёд аст.”
Бритониё гуфт, ки тамоми бачаҳо ба ғайр аз дохили синф бояд дар дигар гӯшаҳои мактаб ниқоб пӯшанд. Дар Фаронса ҳам чунин аст ва калонсолону наврасони аз синфи 6 боло набояд бе ниқоб гарданд. Дар Итолиё қабл аз боз кардани дари мактабҳо аз омӯзгорону шогирдон озмоиш мегиранд, то бемор набошанд.
Пийерпаоло Силери, муовини вазири тандурустии Итолиё мегӯяд, “маълум аст, ки дар сурати хуруҷи зиёд дар мактабе, бояд мактаб, ё синфро баст, ё кӯдаконро дар хона нигаҳ дошт.”
Аз замони авҷ гирифтани пандемия дар Испания ҳафтаи гузашта баландтарин мизони сироят дида шуд, вале талафот бисёр кам аст. Ҳукумат гуфт, зарур аст, ки мактабҳо боз шаванд.
Ба қавли Педро Санчез, нахуствазири Испония, “мо бояд ба модарону падарон, писарону духтарони худ ва омӯзгорону кормандон кафолат бидиҳем, ки дар муҳити эмин бошанд.”
Мутахассисон мегӯянд, таъмин кардани муҳити эмин аз вирус барои кӯдакону омӯзгорон дар синфхонаҳо фавқуллода муҳим аст.
“Далелҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи сироят воқеан дар байни омӯзгорон зиёд аст. Аз ин рӯ бояд сари муҳофизати омӯзгорон ва муҳассилон андеша кунем, чун бо берун мондани як миллион кӯдак аз мактабҳо мо ба бӯҳрони омӯзишӣ дучор омадаем”, - гуфт Оксана Пузик, мутахассиси беҳдоштӣ аз Донишгоҳи пажуҳишии Лондон.
Таътили тобистона ҳам ба поён расид ва дар остонаи боз кардани дари мактабҳо, дар Аврупо зиёд шудани беморӣ, асабоният ҳам дар байни мардуми минтақа боло гирифтааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.