расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » ҲУКМИ ЗИНДОНИ АБДУЛЛОҲ ҲАИТОВ БАРОИ ПАЙРАВӢ БА ҶАРАЁНИ САЛАФИЯ

Ҷомеа / Ҳаводис

ҲУКМИ ЗИНДОНИ АБДУЛЛОҲ ҲАИТОВ БАРОИ ПАЙРАВӢ БА ҶАРАЁНИ САЛАФИЯ

Додгоҳи шаҳри Турсунзода Абдуллоҳ Ҳаитовро бо ҷурми узвият дар ҳаракати динии дар Тоҷикистон мамнӯи Салафия ба 5 солу 6 моҳи зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кардааст.  Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 13 январ дар як иттилоия гуфт,   “Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равняи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.” Назари маҳкумшуда ва наздикону адвокати ӯ ба ин ҳукми додгоҳ дастрас нест. Фаъолияти Салафия дар Тоҷикистон соли 2019 расман манъ шуд. Дар пайи ин, даҳҳо нафар аз пайравони Салафия маҳкум ба зиндон шуда, садҳо нафари дигар тарки Тоҷикистон карданд. Ҳаитов Абдуллоҳ Боймуротович аз соли 2010 то моҳи феврали соли 2020 ҳамчун муҳоҷири меҳнатӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия кору фаъолият намуда, аз аъзоёни номаълуми равияи “Салафия” таълимоти динӣ омӯхта, онро қабул ва ҷонибдорӣ карда, то инҷониб ҳамчун аъзои фаъоли равняи мазкур иштирок карда, ба тарғибу ташвиқи ғояҳои экстремистии ин равия тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернет ба ҷалби шаҳрвандон ҷиҳати иштирокашон дар фаъолияти ин равия машғул шудааст.
  Прокуратураи шаҳри Турсунзода аз рӯи ин ҳолат бо моддаи 307қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст.
  Бо ҳукми суди шаҳри Турсунзода Ҳаитов А.Б. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр таъин карда шуд.
Маркази матбуоти
Прокуратураи генералӣ             

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.