расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Дар Панҷакент муҷассамаи 14-метрии китоб месозанд

. / Ҷомеа

Дар Панҷакент муҷассамаи 14-метрии китоб месозанд

Сурат: Ҳукумати Панҷакент
Дар маркази шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд тандис ё муҷассамаи рамзии китоб бунёд мешавад. дар ин бора ҳукумати шаҳри панҷакент хабар медиҳад.
Бино ба иттилои нашршуда дар саҳфаи фейсбукии ҳукумати шаҳри Панҷакент ин тарҳ бо номи "Рамзи Китоб" дар маркази шаҳр бунёд мешавад, ки 14 метр баландӣ хоҳад дошт. 
"Муҷассама ё рамзи китоб, бо баландии 14 метр дар хиёбони Рӯдакии шаҳри Панҷакент, дар ҳалқаи роҳи автомобилгарди назди бинои меҳмонхонаи “Саразм – Плаза” ва ҳайкали шоҳ “Деваштич” банақша гирифта шудааст. “ Ҳалқаи давраи поёнии деворпоя - 20 метр, ҳалқаи поёнӣ - 5,5метр ва давраи болоӣ - 4 метрро ташкил медиҳад. “Рамзи Китоб” аз 5 сутунпоя - ишора ба номи қадимии Панҷакент, яъне шумораи “панҷ” ва “кат” аз забони суғдӣ – деҳа мебошад",-омадааст дар хабарномаи ҳукумати шаҳр.
Ҳукумати шаҳри Панҷакент бунёди ин тандисро нишоне аз татбиқи "сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон" номидааст, мегӯяд, ки дар ин сутунпояҳои ин тандис нақшу нигор ва унсурҳои миллӣ ифода ёфтаанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки "дар болои сутунпоя давраи электронӣ ҷойгир аст, ки дар он мисраҳо аз ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамчун сатри равон мунтазам пахш мегарданд. Аз болои давраи электронӣ кураи замин бо ифодаи харитаи Тоҷикистон ва дар кунҷи чап номи Панҷакент омадааст. Дар атрофи курраи замини тасвирёфта хомаву ранг ва китоби кушода нишон дода шудааст. Дар китоб мисраҳо аз ашъори Сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик, фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, одамушшуаро, устоди шоирон - Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳаккокӣ хоҳад шуд", омадааст дар хабар.

Аммо ҳукумати шаҳри Панҷакент нагуфтааст, ки ин лоиҳа бо маблағгузори аз кадом ҳисоб сохта мешавад ва ҳамчунин арзиши лоиҳаи сохтмониро низ зикр накардааст.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.