расонаи иттилии - Ориён » . » Ҷомеа » Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шуд

. / Ҷомеа

Душанбе пойтахти фарҳангии ИДМ дар соли 2021 эълон шуд

Инчунин тибқи фарзияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ, шаҳри сайёҳӣ эълон шуд.

Сурат: Asia-Plus
Шаҳри Душанбе расман пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021, инчунин тибқи фарзияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ), шаҳри сайёҳӣ эълон шуд, хабар дода мешавад дар сомонаи Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Мувофиқи маълумоти дар сомона зикршуда, айни замон дар Душанбе фурудгоҳи байнулмилалӣ, истгоҳи роҳи оҳан, автовокзал, 37 меҳмонхона ва 57 тарабхона, 4 чойхонаи миллӣ, 32 марказҳои дилхушӣ, 25 бозор ва 91 маркази савдо, 26 мағозаи фурӯши туҳфаҳо, 17 боғи фарҳангу истироҳат, 1 боғи ҳайвонот, 14 гулгашт, 5 обанбор барои истироҳат, 204 кошонаи ҳусн ва 201 сартарошхона, 4 кохи фарҳанг ва 7 театрҳои касбӣ, 10 осорхона, 16 китобхона ва 6 амфитеатр амал мекунанд.
«23 ёдгории таърихиву меъморӣ, 109 ширкатҳои сайёҳӣ, фаввораҳо дар 37 гӯшаи пойтахт, Қасри теннис ва маҷмааи варзишӣ, маҷмааи варзиши обӣ, кохҳои «Наврӯз», «Борбад», «Ваҳдат», «Суруш», 306 муассисаи муолиҷавӣ ҳамарӯза ба садҳо нафар сокинону меҳмононони дохиливу хориҷӣ мувофиқи талаботи онҳо хизматрасонӣ мекунанд”, - таъкид мешавад дар хабар.
Ёдрас мекунем, ки 22 ноябри соли 2020 маросими тантанавии  пӯшидашавии соли “Чимкент – пойтахти фарҳангии ИДМ-2020” ва супурдани эстафета ба шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор шуд. Аз 3 октябри соли 2019 бо қарори Шӯрои вазирон оид ба сайёҳии кишварҳои узви СҲИ, пойтахти Тоҷикистон ба сифати пойтахти сайёҳии кишварҳои узви Созмон эътироф гардид.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.