расонаи иттилии - Ориён » . » Ҳаводис » Ҷасади ронандаи дар садама ҳалокшуда аз ҷарии 300 метр берун оварда шуд

. / Ҳаводис

Ҷасади ронандаи дар садама ҳалокшуда аз ҷарии 300 метр берун оварда шуд

Ҳодиса дар километри 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод.

Ҳодисаи садамаи нақлиёт рӯзи 5 январ дар километри 146-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух дод: автомашинаи боркаш ба ҷарии  чуқур сарозер шуд. Соати 12:10 ба рақами навбатдори фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар бораи ин ҳодиса огоҳӣ расид.
Зикр шуд, ки дар наздикии ҷамоати деҳоти Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд ҳодисаи садамаи нақлиёт рух додааст, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Умеда Юсуфӣ.

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Дулан”, сокини 53-солаи ноҳияи Шаҳристон ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба самти Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷариии чуқуриаш 300 метр сарозер шудааст, ки дар натиҷа ронанда дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудааст”, - гуфт ӯ.
Наҷотбахшон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳнавардӣ ба ҷарӣ фаромада, бо истифода аз асбобу лавозимоти махсус ҷасади ронандаро аз мошини пачақшуда берун оварданд ва ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳамеша ҳушёриро аз даст надода, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин реҷаи суръатро риоя намоянд.

Дигар хабарҳо

Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь.
Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо войти на сайт под своим именем.

Написать свой комментарий:

Ахборотҳоро ба суроғаи электронии мо - tamos@orien.info ирсол намоед.

забонҳо

Маъмурияти сомона:

Тамоми маводи иттилоотии сомона дар асоси маълумоти манбаъҳои дар Тоҷикистон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон доштаи мо омода мегардад.